Рубрики Хабарҳо

Маҳбусони зиндони 3-и Хуҷанд шиканҷа мешаванд

Ҳади ақал 13 нафар маҳбусони зиндони рақами 3-и Хуҷанд зери шиканҷаи доимӣ ва шадид қарор доранд. Аз онҳо мехоҳанд иттиҳоми мақомот мабнӣ бар ташкили исён дар ин зиндонро ба дӯш гиранд.

Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, ин шиканҷашавандагон ҷавононе ҳастанд, ки асосан аз 19 то 22 сол син доранд. Имкон дорад ҳамами 33 нафар муттаҳамон шиканҷа мешаванд, аммо манбаъ танҳо аз ҳамин 13 нафар иттилоъ доштааст.

Ба зудӣ маълумоти бештареро дар бораи ин гурӯҳ ироа хоҳем кард.

Дар ҳамин ҳол, дар курсии айбдоршавандагон бинобар исён дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд 42 нафар нишастаанд. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз дар парлмон иттилоъ дод.

“Бо иттиҳоми ташкили исён ва нооромӣ дар муассисаи ислоҳотии №3/3 дар Хуҷанд, ки 8 ноябр рух дод, имрӯз 33 нафар маҳбус дар курсии айбдоршавӣ нишастаанд” — эълом кард Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи табақаи болоии парлумони Тоҷикистон.

Ҳамчунин ӯ гуфт, ки 9 нафар маъмурини зиндон низ бинобар бемасъулиятӣ, ки боиси марги одамон шудааст, ба додгоҳ кашида шудаанд. Онҳо бо моддаи 322, қисми 2 айбдор мешаванд.

4 моҳ қабл, шаби 8-уми ноябри 2017  дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд сар зад ва мақомот бидуни ин ки вориди гуфтугӯ шаванд ду гурӯҳи зудамали ВКД ва КДАМ-ро ба онҷо фиристоданд. Дар натиҷаи тирборони маҳбусон, беш аз 50 нафар кушта ва 186 нафар захмӣ шуданд. Аммо мақомот шумори кушташудагонро 25 нафар мегӯянд, ки 23 зиндонӣ ва ду корманди зиндонро дар бар мегирад.

Ду ҳафта пас аз ошӯб, тибқи иттилоъи манобеъи Паём, 120 нафар зиндониёне, ки бо иттиҳоми терроризму экстремизм маҳкум ба зиндон шудаанд, ба зиндони рақами 3-и Хуҷанд, гузаронида шуданд. Дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки барои 750 нафар пешинӣ шудаст, тибқи иттилоъи қаблан расонаишуда 850 нафар нигаҳдорӣ мешуданд. Манобеъи Паём аз кушта шудани 53 нафар ва ҷароҳат бардоштани 186 нафар иттилоъ дода буданд. Дертар як манбаъи дигар гуфт, ки чанд нафар аз маҷрӯҳон низ дар беморхонаҳо ҷон додаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *