Рубрики Хабарҳо

107 кафкӯбӣ ба 177 дақиқа сафсата

Зимни ироаи паёми раисҷумҳур ба парлумон, ки 177 дақиқа идома кард, вакилон ва дигар ҳузурдоштагон дар ин нишаст 107 маротиба кафкӯбӣ карданд. 35 маротиба кафкӯбии онҳо бо баланд шудан аз ҷой сурат гирифт ва 11 бори он кафкубиҳои пурмавҷ ва давомдор буд.  

Ба ҳисоби миёна, вакилон дар ҳар 99 сония як бор кафкӯбӣ карданд, вале агар вақти худи кафкӯбиҳо, ки шмоили ин 177 дақиқа ҳастанд, аз ҳисоб хориҷ карда шавад, шояд дар ҳар дақиқа як маротиба қарсак зада бошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тақрибан ним соати паёми раисҷумҳур ба терроризм, фасод ва интихобот бахшида шуда буд, ки дар ин муддат вакилон аз кафкубӣ тақрибан худдорӣ карданд. Яъне агар ин ним соат ба назар гирифта нашавад, вакилон дар ҳар 50 сония як бор каф кӯфтанд.

Вале оё паёми имсолаи раисҷумҳур арзиши ин ҳама кафкӯбиҳову аз ҷо бархостанҳоро дошт? Баъди баррасии суханронии раисҷумҳур, Паём ба ин натиҷа расид, ки тамоми ин 177 дақиқа сафсатае беш набуд, ва дар он ҳатто як иттилоъи воқеъӣ, як пешниҳоди дархӯри дарди ҷомеъа, як супорише, ки ба иҷрояш мешавад бовар кард, набуд. 

Дар бораи ин ки тамоми факту рақамҳои ироакардаи раисҷумҳур дар зимни ин ки гӯё ваъдаҳои қаблазинтихоботии ӯ дар соли 2013 иҷро шудаанд дурӯғ буданд, мо қаблан дар таҳлиле зери унвони   навишта будем. 

Як нуктаи ҷолиби паёми сесоатаи Раҳмон он буд, ки ҳарчӣ сафсата бузургтар буд, вакилон барояш баландтару тӯлонитар каф кӯфтанд. Мо ҳамаи ҳарфҳое, ки вакилон барояш кафкӯбӣ карданд, ҷамъоварӣ кардем, вале чун овардани ҳамааш матлабро хеле тӯлонӣ мекунад, бо чанд мисол иктифо менамоем. (Паём ҳозир аст, дар сурати муроҷиъат, матни пурраи ҳарфҳоеро, ки вакилон барои онҳо кафкӯбӣ карданд, дастраси хонанда намояд).

Раисҷумҳур дар паёмаш бештар аз ҳама ба сахофатмандиву хайрхоҳии соҳибкорон таваҷҷӯҳ кард. Ӯ 5 (!) маротиба ба онҳое, ки аз ҳисоби худашон мактабу боғча, роҳу пул, беморхонаву иншооти дигар бунёд мекунанд, изҳори сипос кард. Тӯлонитарину “самимитарин” кафкӯбиҳо ҳам маҳз барои ҳамин 5 изҳори сипоси раисҷумҳур буд. 

Э.Р.: Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.

Паём: Соҳибкорони гиромӣ! Миёнро маҳкам бандед! Мӯҳтарам муҳоҷирони корӣ! Минбаъд кӯшиш кунед ба хонаҳоятон ба ҷои 10 ҳазор рубл 12 ҳазор фиристед. Мутмаъин бошед, баъди ин фармони ҷанобашон, ҳар моҳ масъулони ҳукуматӣ ба хонаи шумо барои пулталабӣ хоҳанд омад.  

Э.Р. Шукрона кунем ки давлати худро дорем.

Паём: Магар бе шукрона мешавад?

Баъди анҷоми суханронии раисҷумҳур, вакилон ду дақиқа ба по рост истода, бо кафкӯбии бидуни танаффус ӯро гусел карданд. Раҳмон, ки бо худ меболид, бо ғурур толорро тарк кард. 

Зоҳиран бовар карда буд, ки Трампу Путину Си Тзин Пин ба тафсиру таҳлили паёмаш нишастаанд. 

Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…

Сабр кун, хонандаи азиз! Бад нест инҷо қасидаи маъруфи Ато Мирхоҷаро комилан биёварем. Хону лаззат бар!

Дар он соат, ки Доҳӣ бо муҳаббат

Паёми худ ба Маҷлис мерасонад,

Бигардад Кохи Сомон Каъбаи фазл,

Бигардад минбараш чун Санги асвад.

Ҳама маҳвораҳои осмонҳо

Ба сӯи Пешвои мо бигарданд,

Зи аксу аз каломи хубу зебош

Ба мисли Зуҳра худ зебо бигарданд.

Ба коми мо бигардад чархи гардун,

Фазову вақт дар дасти шаҳи мост.

На танҳо Маҷлиси Олии Тоҷик,

Дар ин фурсат ҷаҳон маҷлисгаҳи мост.

Замин гардад ҳама гӯшу ҳама ҳуш,

Ситора баҳри сӯсӯе наҷунбад.

Маҳу Хуршед ҳам аз раҳ биистанд,

Хаёли ман, фалак мӯе наҷунбад.

Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…

Ҷаҳон гӯши дилу ҷонро намояд

Ба нутқи Пешвои тоҷикон боз,

Ки ин марди фаросатпеша дорад

Чӣ ҳикмат дар Паёмаш бар ҷаҳон боз!

Чӣ хушбахтӣ, ки дар дунёи пурҷанг

Бигӯяд Пешво аз меваи сулҳ.

Зи шаҳди ваҳдату сомони миллат,

Зи файзи хайрбори шеваи сулҳ.

Чӣ хушбахтӣ, ки аз ободкорӣ

Фароз омад харобиҳои сад аср.

Ба ҳукми интихоби қасри Арбоб,

Тамоми Тоҷикистон шуд пур аз қаср,

Бигӯяд Пешво аз нав зафарҳо,

Зи рушди отии ин халқу давлат.

Чӣ гуна солимӣ бояд нигаҳ дошт,

Чӣ гуна рафъ бояд кард иллат.

Намояд Пешво барномаи зист,

Дар он гӯяд муфассал банд бар банд

Чӣ сон тоҷик созад зиндагиаш

Дар ин даҳри пур аз панду пур аз фанд.

На танҳо тоҷикони пайрави ӯ,

Дигарҳо ҳам ниюшандаш ба ҳасрат.

Ниюшанду ба дил сар хам намоянд

Ба ин мардонагиву ақлу ғайрат!

Ҳасадҳо мебаранд аз он ки ин мард

На дар майдон кам асту не ба минбар.

Рабуд аз дасташон гӯйи сиёсат,

Зи юмнаш Тоҷикистон шуд музаффар.

Музаффар дар набарди ақл бо ҷаҳл,

Музаффар дар нишасти илм бо дин.

Музаффар дар ғазо бо фитнабозон,

Музаффар дар навии расму оин.

Паёми аввалинаш буд аз сулҳ,

К-аз Арбобаш чу нӯши ҷон шунидем.

Давоми он паёми аввалинанд,

Паёмоне, ки баъд аз он шунидем.

Паёмаш маънии садҳо китобест,

Ки бинвиштанд доноёни тоҷик.

Аз онон баргузида мағзро ӯ,

Гузорад дар ниҳоди ҷони тоҷик.

Ки мағзи миллаташ равшан бимонад

Паёпай аз туфайли ҳар Паёмаш.

Зи баъди бенизомиҳои сад аср,

Дигар аз каф набигзорад низомаш.

Паёми Пешво моро диҳад савқ

Барои Тоҷикистонро шукуфтан.

Зи ҷони ҳамдигар фарғуч гирифтан,

Бад-он бахти ҷавононро шукуфтан.

Паёми Пешво моро диҳад панд,

Ки тоҷик будан иқболест олӣ.

Ба рағми зишти олам нек мондан,

Варо додаст садри безаволӣ.

Бадиро дар ниҳодаш ҷо намудан

Ба теғаш ҳеҷ лашкаркаш натонист.

Адӯ бигрифт молу мулкаш, аммо

Қалам бигрифтан аз дасташ натонист.

Варо некист имону қалам рӯҳ,

Кӣ ёрад ин ду ҷавҳарро шикастан?

Касе шуд ҳамнишинаш бо дили зишт,

Бишуд ҷон равшанаш аз ин нишастан.

Паёми Пешво маънӣ ба маънӣ

Барои олимон бошад ҳама илм,

Барои шоирон бошад ҳама шеър,

Барои доварон бошад ҳама ҳилм.

Паёми Пешво гӯяд ба олам,

Ки тоҷик дар ҷаҳонсозӣ шарик аст.

Биҷӯшад дар дили ӯ зиндагонӣ,

Раги дунё ба қалби ӯст пайваст.

Паёми Пешво имрӯзу фардо

Кунад тақдири миллатро муайян.

Ҳаёти мо аз он гардад бамаънӣ,

Ҳаёти мо аз он гардад музайян.

Бад-он санҷем мо неку бади худ,

Аз он поянда моро нангу ном аст.

Бад-он дар ҷони мо саъй асту ҳиммат,

Аз он ҳастии моро эҳтишом аст.

Дар он набзи шитоби зиндагонист,

Дурустии ҳисоби зиндагонист.

Ба ҳар фарде хитоби зиндагонист,

Ба ҳар пурсиш ҷавоби зиндагонист.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *