Шерзод Пиронзода корманди милисаи минтақавии Шуъбачаи корҳои дохилии Ворухро, ки номаш пас аз як моҷарои занозании ӯ бо сокини солманди ин минтақа расонаӣ шуд, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд барои кор ба Шуъбаи Корҳои Дохилии ноҳияи Ашт гузарондааст.
Моҷарои занозании Шерзод Пиронзода бо сокини ҷамоати Ворух Ислом Аҳмедов ва ҳамсари ӯ дар пеши чашми даҳҳо нафар рӯй дода, рӯзи 10-уми июн дар Ютюб нашр шуд ва баёнияи фаъолони ҷомеаро ба миён овард. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бар пояи шикояти сокинони Ворух аз Додситонии шаҳри Исфара ва ВКД Тоҷикистон таҳқиқи ҳодиса ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба рафтори Шерзод Пиронзодаро тақозо кард. Қаблан додситонӣ гуфта буд, ки қазияро таҳқиқ мекунад.
Ҳуқуқшиноси собиқадор Солеҳҷон Ҷураев ба Радиои Озодӣ дар шарҳи ин қазия гуфтааст: “Агар дар ҳақиқат шоҳидон бошанд ва воқеа дар пеши чашми мардум сар зада бошад, милиса, ки шахсро зад ва занозанӣ кардааст, на ин ки аз кор ронда мешавад, балки бо моддаи 316 Кодекси ҷиноятӣ барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансаб ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Вале агар ӯро ба ҷои ҷазо «ротатсия», яъне танҳо ҷои корашро иваз карда бошанд, маълум мешавад, ки дар ин система пуштибон дорад.»
Радиои Озодӣ менависад, худи Шерзод Пиронзода қазияро шарҳ надодааст.