Рубрики Хабарҳо

Гирифторони куруно меафзоянд

Дар Аврупо дар тӯли як ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 45,000 нафар аз коронавирус ҷон доданд.
Дар Аврупо дар тӯли як ҳафта тақрибан 1,5 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфтанд ва беш аз 42,5 ҳазор нафар фавтиданд.

Тибқи иттилои Euronews, Испания дар Иттиҳоди Аврупо пас аз Фаронса аз рӯи шумораи умумии одамоне, ки ба коронавирус сироят шудаанд, дар ҷои дуюм ва аз рӯи шумораи фавтидагон бо сабаби COVID-19 пас аз Британияи Кабир, Италия ва Фаронса дар ҷои чорум қарор дорад.
Дар Юнон низ шумораи сироятҳо меафзояд ва беморхонаҳои шаҳри Салоникии кишвар батамом пур шудаанд.

Моҳи гузашта шумораи бемориҳои сироятӣ дар Сербия ба таври назаррас афзоиш ёфт ва беш аз 6200 ҳолати нав ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба як моҳи пеш 18 маротиба зиёдтар аст.
Роҳбари калисои ортодоксии Сербия аз гирифторӣ ба COVID-19 вафот кард ва дар кишвар мотами серӯзаи миллӣ эълон карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *