Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира. Муҳосираи иқтисодӣ

Бо санадҳои мухталиф аз Мӯсо ибни Уқба, Ибни Исҳоқ ва ғайра нақл шудааст, ки кофирони Қурайш борҳо баҳри куштани Паёмбар (с) машварат мекунанд. Ба хотири пиёда намудани ин нақшаҳои худ дар ин бора бо Банӣ Ҳошим ва Банӣ Абдулмутталиб низ сухан мекунанд. Аз онҳо талаб менамоянд, ки Муҳаммад (с)ро барояшон супоранд.  Вале онҳо ҳеҷ розӣ намешаванд, ки Он ҳазрат (с)ро ба мушрикон баҳри куштан диҳанд.  

Вақте ки Қурайш ба амалӣ намудани ин нақшаҳояш комёб намешавад ва ба куштани Паёмбар (с) даст намеёбад, қарор мекунанд, ки Он ҳазрат (с)ро ҳамроҳ бо асҳобашон ва ҳар касе ки аз ҷумлаи Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб онҳоро дастгирӣ мекард, аз ҷамоат ҷудо созанд. Сипас, он қарори худро ба шакли китобӣ медароранд ва дар он ба умури зерин аҳд мекунанд:

Бо онҳо никоҳ намекунанд;

Хариду фурӯш намекунанд;

Тамоми роҳҳои дарёфти рӯзиро ба онҳо мебанданд;

Аз онҳо созишеро намепазиранд;

Ба онҳо раҳм намекунанд;

Ин уқубатҳо ҳамон дам аз сарашон бардошта мешавад, ки агар қабилаи Банӣ Мутталиб Паёмбар (с)-ро ба онҳо барои куштан месупоранд. Сипас, ин номаро ба дохили Каъба меовезанд.

Кофирони Қурайш ба ин қарордод се сол, аз оғози муҳаррами соли ҳафтуми паёмбарӣ то соли даҳуми он пойбанд мемонанд.  Бархе гуфтаанд, ки он танҳо ду сол идома ёфтааст. Ривояти Мӯсо ибни Уқба далолат бар он мекунад, ки ин ҳодиса пеш аз асҳобашонро ба ҳиҷрати Ҳабаша фиристодани Паёмбар (с) ба вуқӯъ пайваста буд. Яъне, саҳобагон дар аснои ин муҳосира ба Ҳабаша ҳиҷрат мекунанд. Вале аз  ривояти Ибни Исҳоқ фаҳмида мешавад, ки навиштани ин қарордод баъди ба Ҳабаша ҳиҷрат кардани асҳоби Он ҳазрат (с) ва мусулмон шудани Ҳазрати Умар (раз.) буд.  

Қабилаҳои Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб ҳамроҳ бо касоне, ки мусулмон буданд, бо шумули Паёмбар (с) дар доманаи Банӣ Мутталиб муҳосира мешаванд. Макка дорои доманаҳои гуногуне буд. зоҳиран, ҳар қабила доманаи махсуси худро дошт. Дар он домана афроди Банӣ Ҳошим, Банӣ Мутталиб мусулмону кофир ҳама ҷамъ шуда буданд. Мусулмонон аз рӯйи диндориву кофирон бошанд, аз ҷиҳати ғайрати хешовандӣ. Вале Абулаҳаб Абдулуззо ибни Абдулмутталиб бошад, назди Қурайш меравад ва ошкоро бар зидди Паёмбар (с) ва дигар мусулмонон баромад мекунад.

Паёмбар (с) ва дигар мусулмонон дар ин се сол хеле ранҷи сахт мекашанд ва мусибат болояшон гарон меафтод. Тибқи ривоятҳои саҳеҳ “онҳо ба ҳадде ранҷ мекашанд, ки аз гуруснагӣ решаи растанӣ ва барги дарахт мехӯрданд”. Суҳайлӣ овардааст, ки вақте ба Макка корвоне медаромад, яке аз саҳобагон ба бозор барои харидани чизе аз хӯрока барои аҳлаш меомад. Абулаҳаб бархоста мегуфт: Эй тоҷирон, ба асҳоби Муҳаммад нархро гарон намоед, то аз шумо чизе гирифта натавонанд. Баъд онҳо нархи колоро чанд боробар гарон мекарданд  ва ниҳоят он саҳобӣ ба назди аҳлаш бо дасти холӣ бармегашт, дар ҳоле ки онҳо аз гуруснагӣ доду фиғон мебардоштанду ӯ бошад, чизе барои ором кардани онҳо надошт.

Вақте соли сеюм сар мешавад, қавме аз қабилаи Банӣ Қусай ҳамдигарро маломат мекунанд ва ба вайрон кардани он аҳднома қарор медиҳанд. Худованд ба он саҳифае, ки дар он матни аҳднома навишта шуда буд, кирмеро гумошта месозад, ки аксари аҳду паймони дар он бударо нобуд мекунад. Аз он нома танҳо ибораҳое, ки дар он зикри Худо омадааст, амон мемонад халос.

Паёмбар (с) дар ин бора ба Абутолиб хабар медиҳанд. Абутолиб барояшон мегӯяд: Оё худоят дар ин бора ба ту хабар дод? Он ҳазрат (с) мегӯянд: Бале. Сипас, Абутолиб бо ҷамъе аз қавмаш назди Қурайш меравад ва аз онҳо талаб мекунад, ки номаро биёранд. Ӯ чунин вонамуд мекунад, ки гӯё ба шартҳояшон розӣ шуда бошад. Онҳо номаро, ки печонида шуду буд, меоранд. Абутолиб мегӯяд: Бародарзодаам, ки ба ман ҳаргиз дурӯғ нагуфтааст, хабар дод, ки Худованд ба ин номаатон кирмеро гумошта намуд, ки ҳама чизе, ки дар он аз ҷавру қатъи силаи раҳм буд, нобуд кардааст. Агар суханаш рост бошад, ба худ оеду аз ин фикри бади худ баргардед. Ба Худо, ки то дар бадани охирини мо ҷон ҳаст, ӯро ба шумо таслим нахоҳем кард. Аммо агар он чӣ мегӯяд, нодуруст бошад, ӯро ба шумо месупорем. Ҳар чӣ хоҳед бо ӯ кунед.

Мардуми Қурайш мегӯянд: Ба гуфтаат розием. Сипас, вақте номаро мекушоянд, онро бо ҳамон ҳолате меёбанд, ки Паёмбар (с) гуфта буданд. Мегӯянд: Ин аз ҷодуи бародарзодаат аст. Бар асари он адовату душмании онҳо боз афзоиш меёбад.

Баъд панҷ нафар аз сарони Қурайш ба вайрон кардани он аҳднома ва поён додани он иқдом менамоянд.  Онҳо Ҳишом ибни Амр ибни Ҳорис, Зуҳайр ибни Умайя, Мутъам ибни Адӣ, Абулбухтурӣ ибни Ҳишом ва Зумъа ибни Асвад буданд.

Аввалин касе, ки сароҳатан барои вайрон кардани он даъват менамояд, Зуҳайр ибни Умайя буд. Ӯ ба пеши мардум, ки назди Каъба буданд, омада мегӯяд: Эй аҳли Макка, мо инҷо бо шикаму серу тани пӯшида мешинему онҳо Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб мемиранд ва  касе бо онҳо хариду фурӯш намекунад? Ба Худо, то ин номаи золимонаро пора пора накунам, намешинам.

Баъд боқӣ чор нафари дигар низ чунин мегӯянду Мутъам ибни Адӣ номаро гирифта пора менамояд. Сипас, ин панҷ нафар ҳамроҳ бо гурӯҳе назди Банӣ Ҳошим, Банӣ Мутталиб ва мусулмонон мераванду онҳоро барои баргаштан ба хонаҳояшон даъват мекунанд.

Панду андарзҳо

Ин порчаи пур аз аламу дард, ба мо он сахтиву ранҷе, ки Паёмбар (с) тӯли ин се сол бо ёронашон аз сар гузарониданд, нақл мекунад. Шумо дидед, ки мушрикони Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб бо мусулмонон дар таҳаммули он сахтиҳо шарик буданд ва нахостанд, ки Паёмбар (с)-ро дар ин вазъи сангин танҳо гузоранд.

Мо инҷо дар бораи мушрикон ва сабаби ин гуна мавқеъгирӣ карданашон сухан карданӣ нестем. Зеро маълум аст, ки онҳоро ба ин кор ғайрати хешовандиву қаробат водор намуда буд. Илова бар ин, онҳо метарсиданд, ки агар Он ҳазрат (с)-ро ба мушрикони дигар қабилаҳо супоранду, он кас аз дасти онҳо мушрикон кушта нобуд карда шаванд, мардони Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб аз номуси зиллат миёни арабҳо дигар сар бардошта наметавонистанд. Сарфи назар аз он ки дар ақидаву ойин ба ҳам мувофиқ набуданд. Яъне, онҳо бо ин корашон ду рағбати худро як карда буданд:

Якум: Пойбанди ширк мондану напазируфтани ҳаққе, ки Паёмбар (с) оварда буданд.

Дуюм: Пайравӣ аз ғайрате, ки онҳоро ба ҳимояи шахси наздик аз ҷавру зулми дигарон водор мекард. Фарқ надошт, ки он шахси наздик бар ҳақ бошад ё ботил.

Вале мусулмонон, қабл аз ҳама Паёмбар (с), ин ранҷу азобро ба хотири он таҳаммул намуданд, ки ин корро аз ҷумлаи итоат ба амри Худоро медонистанд ва сониян, дунё барояшон дар муқобили ризои Худо ҳеҷ арзише надошт. Ин масъалаест, ки бевосита ба мо тааллуқ дорад. Гоҳо аз устодони ҳамлаи фикрӣ мешунавем, ки чунин мегӯянд: Ғайрати Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталиб омили  таккондиҳандаи  даъвати Муҳаммад (с) буд, ки онро бо инояту ҳимояти хеш фаро мегирифт. Мавқеъгирии онҳо дар ҳодисаи муҳосираи мусулмонон шоҳиди ин мебошад.

Ин ғалатандозии ошкору маҳз аст, ки ҳеҷ пардае онро пӯшонида наметавонад. Зеро табиӣ буд, ки ғайрати ҷоҳилӣ Банӣ Ҳошим ва Банӣ Мутталибро ба ҳимоя аз писарамакашон водор созад. Вақте ки ба он кас дасти кас таҳдид мекарду шахси бегона бадӣ расонидан мехост.

Ғайрати ҷоҳилӣ гоҳо хешовандонро ба чунин таассуб тела мекунад. Ғайрат парвои ғояе надораду ба ҳаққу ботил будани кас нигоҳе намекунад. Чун ки он ғайрати маҳз аст.

Аз ин рӯ, дар хешовандони Паёмбар (с) ду сифати ба ҳам зид, агарчи зоҳиран, дар як вақт ба ҳам омада буд: инкори даъвати Он ҳазрат (с) ва саркашӣ аз он ва ҷонибдорӣ кардани он кас дар муқобили дигар мушрикони Қурайш.

Бо вуҷуди ин, бо ин корашон ба Паёмбар (с) чӣ ёрӣ карда тавонистанд? Онҳо низ мисли Он ҳазрат (с) ва дигар мусулмонон озор диданд, ранҷ кашиданд. Вале Қурайш ба сахтиву шиддати худ нисбат ба мусулмонон идома доду ҳамроҳи онҳо аз он заррае сабук карда натавонист.

Муҳим он аст, ки шумо бояд донед, ки ҳимояи Паёмбар (с) аз тарафи ақрибояшон ба хотири дифоъ аз рисолати илоҳӣ набуд. Балки ҳимояи шахси он кас аз бегонагон буд. Агар ин гуна ҳимоя аз тарафи мусулмонон ҳамчун василае аз василаҳои муборизаву пирӯз шудан бар кофирон ва рад намудани макру найранги онҳо истифода карда шавад, чӣ кори хуб аст. Бояд аз он огоҳ буду онро истифода кард.

Паёмбар (с) ҳамроҳ бо асҳобашон бошанд, чаро ба ин сахтии ҷонкоҳ тоқат карданд? Бо ин устувориву сабот чӣ мехостанд? Он касоне, ки рисолати Муҳаммад (с) ва имони асҳобашонро ба шӯриши чапгароён, яъне бенавоёну нодорон бар зидди сарватмандони исрофкор таъвил мекунанд, ба ин гуна савол чӣ посух медиҳанд?

Ҳама он, чиро, ки бароятон, аз саҳнаҳои ранҷу азоби Паёмбар (с) ва мусулмонон пешкаш намудем, аз пеши назар гузаронеду баъд ҷавоб диҳед, ки чи хел даъвати исломӣ шӯриши иқтисодие мешавад, ки онро гуруснагӣ барангехта, кинаву адоват нисбат ба савдогарони Макка ва соҳибкорони он идора кардааст?

Бешак, мушрикон ба Муҳаммад (с) сарвариву пешвоӣ ва молу сарват пешкаш намуданд, бар ивази он, ки аз даъват ба Ислом даст кашанд. Чаро Он ҳазрат (с) ба ин чиз розӣ нашуданд? Чаро асҳобашон бар зиддашон нашӯриданд? Ба он кас фишор наоварданд, ки пешниҳоди Қурайшро қабул кунанд? Магар ғояашон сер шудан баъди гуруснагӣ набуд?  Оё соҳибони шӯриши чапгароӣ ормоне бештар аз расидан ба ҳукм ва пур шудани кисаҳояшон доранд?

Муҳаммад (с) ва саҳобагон ҳамроҳ бо ҳамқавмонашон аз ҳама василаҳои ҳамзистии иқтисодиву иҷтимоӣ маҳрум шуданд. Ягон колое набуд, ки онҳо дастрас карда тавонанд. Хӯрокае роҳ ба хонаашон намеёфт. Ҳатто ба истеъмоли решаи растаниву барги дарахт пардохтанд. Вале онҳо ба Паёмбарашон дида дӯхта, сабр мекарданд. Оё касе ки дар синааш ғалаёне баҳри дарёфти луқмаи айш ҷӯш мезанад, чунин мекунад?

Вақте Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат намуданду пасу пеш дигар саҳобагон низ рафта буданд, ҳама он молу дороиҳои худро дар Макка гузошта, бо дасти холӣ ба тарафи Мадина раҳсипор шуданд. Ҳама он молу сарвате, ки аҳли тамаъ ба он баста мешаванд, тарк намуданд ва бар ивази имонашон ба Худо чизи дигаре нахостанд. Ба он дунё, ки аз дасташон мерафт, вазне надоданду парвои мулк накарданд. Оё ҳамин аст далел ба шӯриши чапгароён будани он, ки ба хотири дарёфти луқмаи нон бархоста буд?

Шояд далели ин нафарон ба он чи тасаввур мекунанд, мулоҳизаи ду чиз аст:

Якум: Гурӯҳи нахустини асҳоби Муҳаммад (с) дар Макка ғолибан, аз бенавоёну мустамандон ва мазлумон буданд. Ин ҳолат далолат ба он мекунад, ки ин гуна мардум бо пайравии хеш аз Муҳаммад (с) каме ҳам бошад ранҷи худро сабук мекарданд ва зери сояи дини нав барои худ ояндаи беҳтари иқтисодиро умед доштанд.     

Дуюм: Ин саҳобагон дере нагузашта вақте дигар кишварҳои олам фатҳ шуданд, молу сарвати зиёдеро соҳиб шуданд. Ин баёнгари он аст, ки нақшаи Паёмбар (с) ба таҳқиқи ин ғоя нигаронида шуда буд.

Вақте шумо дар бораи далелҳояшон, ки барои исботи ин ду мулоҳиза овардаанд, тааммул мекунед, ба хубӣ дарк хоҳед кард, хаёлу гумон то чи андоза ақлу услуби тафкирашонро гирифтааст.

Дуруст аст, ки гурӯҳи нахустини асҳоби Он ҳазрат (с) ғолибан камбағалону бенавоён буданд. Вале ин ҳақиқат ба он гумонашон рабте надорад. Зеро шариате, ки барои барқарор намудани адолат миёни мардум ҳукм мекунад ва пеши роҳи ҳар золиму ҷабборро мегирад, мусаллам аст, ки ба душманиву мухолифати нафароне, ки аз зулму бедодгарӣ рӯз бурдаанд, дучор мешавад. Чун ки ин шариат он нафаронро аз имтиёзоташон маҳрум менамояд. Дар муқобили ин аз тарафи мазлумону мустамандон ба хубӣ пазируфта мешавад. Балки ҳар нафаре, ки дар савдои зулму тааддӣ баҳрае надорад, онро хуш қабул мекунад. Зеро ин шариат ба ин гуна ашхос суду ғаниматҳои зиёд мебахшад ва ё ҳадди ақал ин касон бо дигар одамон мушкилие надорад, ки аз натиҷаи он тарсанд.

Албатта, бештари касоне, ки дар атрофи Паёмбар (с) буданд, ба ҳақ будани даъвату паёмбари ростин будани Он ҳазрат (с) яқин доштанд. Вале соҳибони сарвариву ашхоси ҷоҳталабро табиату шароиташон аз пазируфтани  ин ҳақ ва ҳамкорӣ намудан бо он монеа мешуд. Дигарон бошанд чизе надоштанд, ки онҳоро аз пазируфтани ҳақ монеа гардад.

Пас миёни ин ҳақиқате, ки ҳар як хонанда мефаҳмад ва он чӣ онҳо гумон доранд, чӣ иртибот ҳаст?!

Даъвои дигари онҳо, ки доранд, ки гӯё Паёмбар (с) барои ба даст овардани манбаъҳои сарвату тахти шоҳон нақшае гузошта буданд, ба далели он ки мусулмонон воқеан, ба ин ҳолат расиданд, ба Худо, аз осмон ба замин овардани ситораеро мемонад.

Агар мусулмонон ба фатҳи кишварҳои Руму Форс дар як муддати кӯтоҳ ноил шуда бошанд, оё ин далел шуда метавонад, ки онҳо маҳз ба умеди даст ёфтан ба тахти Руму Форс мусулмон шуда бошанд?

Агар онҳо ба мусулмон шуданашон ба даст овардани ягон хостаи нафсашонро дар назар медоштанд, барояшон ин муъҷизаи фатҳ муяссар намешуд. Агар Умар (раз.) лашкари Қодисияро омода намуда, ҳини гусели раҳбари он Саъд ибни Абиваққос ганҷинаҳои Хисравро дар назар медошт ва орзуи мисли ӯ дар неъмат ғӯта задану дар тахти ӯ нишастанро мекард, ҳаргиз Саъд пирӯз намешуду бо сари баланд барнамегашт. Вале онҳо дар муборизаи худ ба Худо содиқ буданду танҳо нусрати динашро дар назар доштанд. Бинобар ин, Худо дар ҷавоби ин садоқаташон зимоми ҳукмро ба дасташон супориду барояшон чизеро дод, ки дар орзуяш ҳам набуданд.

Агар орзуи мусулмонон дар ҷанги Қодисия расидан ба сарвату неъмат ва ноил шудан ба лаззатҳои зиндагӣ мебуд, ҳаргиз Рибъӣ ибни Омир (раз.) ба хаймаи Рустам бо нигоҳи таҳқир намедаромад, он бисоту болиштҳои онро бо пой ва найзаи худ зер карда ифлос намекард ва ба Рустам бо оҳанги таҳдид намегуфт:  Агар мусулмон шавед, шуморо ба ҳолатон мегузорем ва ба замину молатон кордор намешавем.

Оё касе, ки баҳри рабудани сарвариву мол ва замин омадааст, чунин мегӯяд?

Бешак, Худованд онҳоро ба тамоми дороиҳои дунё мукаррам намуд, зеро онҳо дар фикри он набуданд. Балки ҳама фикру зикрашон ба амалӣ намудани ризои Худо равона шуда буд.

Агар бо ҷиҳоди худ ин дороиҳоро дар назар медоштанд, ҳаргиз ба он намерасиданд.

Албатта, масъала бо он ҳама мутааллиқоташ ба ҷуз таҳаққуқ ёфтани ваъдаи Худо нест, ки мефармояд:

وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً، وَنَجْعَلَهُمُ الْوارِثِينَ” [القصص / 5]

Бешубҳа дарку фаҳми ин қонун ба ҳар гуна ақл хеле осон аст. Фақат шарт он аст, ки соҳиби ғуломи рағаботи нафс набошаду аз  банди ғаразҳои он озод бошад.


Ин вожа дар ибораи арабӣ “شِعْبٌ” омадааст, ки дар луғат дорои маъноҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, “шикофи миёни ду кӯҳ” аст, ки ба мазмуни инҷо мутобиқат дорад. Мо шартан, онро доманаи кӯҳ гуфтем.

Абулқосими Суҳайлӣ (1114 -1185) зодаи Андалус, соҳиби китоби  “ар-Равзу-л-унуф” мебошад, ки дар шарҳи Сирати Ибни Ҳишом нигошта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *