Дар Тоҷикистон 1938 масҷиде, ки ба қавли мақомот “ғайриқонунӣ фаъолият мекарданд” ба марокизи фарҳангӣ, тиббӣ ва боғчаи бачагонаву чойхонаҳо табдил дода шудаанд.
Ҳусейн Шокиров раҳбари бахши ташкилотҳои динии Кумитаи дин ва танзими расму оинҳо дар нишасти матботиаш дар ин бора иттило дод. Ӯ гуфт масоҷид бинобар набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ баста шудаанд.
“Одамон хостанд масҷид бунёд кунанд, замин ҷудо карда шуд, баъзеҳо замини шахсиашонро ҷудо карданд, вале ҳуҷҷатҳояшро дуруст накарданд. Аввал бояд ҳуҷҷат кунӣ, баъд ҷои намозгузорӣ бунёд кунӣ” — гуфт Шокиров.
Ӯ ҳамчунин гуфт ба 231 масҷиди дигар мӯҳлат дода шудааст, то ҳуҷҷатҳояшонро дуруст кунанд.
Тибқи иттилои Кумитаи дин то охири соли 2017 дар Тоҷикистон расман 48 масҷиди марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ ва 3528 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудаанд. Яъне дар умум 3902 масыид. Вале асноди ироакардаи мақомоти гуногуни кишвар ба ҳамдигар рост намеоянд. Қабл аз оғози маъракаи масҷидбандӣ, мақомот иддао мекарданд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 4000 масҷид фаъолият мекунад.
Мавлон Мухторов, муовини онвақтаи раиси Кумитаи дин , замоне ки масҷидбандӣ тоза шуда буд, шумори масоҷид дар Тоҷикистонро 3982 то гуфта буд. Бо гузашти 5 сол ва бастани 1938 масҷид, ин рақам ҳамагӣ 80 дона фарқ кардааст.
Ин нуктаро раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳам чанд рӯз қабл зимни сафараш дар Туркия тасдиқ кард. Ӯ гуфт баъди расидани Тоҷикистон ба истиқлолият, шумори масоҷид ба 4000 расидааст. Муфтӣ дар Туркия аз зикри шумори масоҷиди басташуда худдорӣ кард.
Пас, баъди баста шудани 1938 масҷид, дар Тоҷикистон алъон чизе бештар аз 2000 масҷид боқӣ мондааст. Вале чаро мақомот бо бастани ниме аз масоҷид ҳам шумори онҳоро мисли 5 сол қабл ҳудуи 4000 нишон медиҳанд, суоли матраҳ боқӣ мемонад.
Як роҳбари муассисаи динӣ мегӯяд, дар ноҳияашон фаъолияти наздик ба 20 масҷид аз ҷониби мақомот барҳам дода шудааст. Сабаби бастани масҷидро нокифоя будани ҳуҷҷатгузориҳо ва ё ҷавобгӯ набудани бинои масҷид барои истифода унвон кардаанд.
“Дар ҳоле фаъолияти масҷидҳои моро бо баҳонаи норасоии ҳуҷҷат ва ё корношоям будани бино бастанд, ки ҳамагӣ баъди чанд моҳ бидуни ҳеҷ тағйирот ва тармиме ҳамчун чойхона ва дутои дигарашро ҳамчун маркази саломатӣ ба истифода доданд. Мардуми аз худотарс аз хидматрасонии ин чойхона истифода намекунад, мизоҷаш хеле кам аст. Чор панҷ нафар майзадагон рӯзи дароз дар айвони масҷид қартабозиву нардбозӣ мекунанд. Агар ҳукумат ба хурсандии мардум аҳамият медод, масҷидҳоро намебасту барои пурра кардани ҳуҷҷатгузориҳо кӯмак мекард”.- гуфт манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад.
Як манбаъи дигар аз шаҳри Истаравшани Суғд бо номи Аҳрорхон тавассути imo ба Паём.нет гуфт, ки дар маркази Истаравшан як масҷиди сохтмонаш нотамомро бо баҳонаи пурра набудани ҳуҷҷатгузорияш кашида гирифтанд, ки дар ҳолати ба истифода дода шуданаш, ғунҷоиши то 10 ҳазор намозгузоронро дошт ва аз калонтарин масҷидҳо дар Истаравшан ба ҳисоб мерафт.
“Чанд гап-гапҳо дар бораи ин масҷид ҳаст, як кас мегӯяд, ки беморхона мекардаанд, каси дигар мегӯяд, ки мактаб мекардаанд, маркази фароғатӣ мешудааст, чанд кас гуфт, ки аз Душанбе як калоншаванда омада шахсӣ мекардааст, намедонам тақдир чи бошад дида рафтан мегирем. Майда-чуйда масҷидҳо дар Истаравшан расо бисёр баста шудагӣ. Бекор монем рафта зикр карда, Қуръон хонда мешиштем. Ҳозир ҳама ҷо воҳима. Намозхонҳо ба масҷидҳои фаолият карда истодагӣ ҳам кам мерафтагӣ шудагӣ. Бозорҳоям тоҷирҳо кам мондагӣ, ними бозори Истаравшан холӣ, мардуми бекор бисёр. Куҷоро набинӣ қартабозию бекорхӯҷагӣ”- афзуд Аҳрорхон.
Дар нишасти матбуотии Кумитаи дин раиси он Сулаймон Давлатзода ҳамчунин қайд кард, ки аз 3 ҳазору 694 донишҷӯи донишкадаҳои исломӣ 3 ҳазору 77 нафари онҳо баргардонида шудаанд. Аз баргардонидашудаҳо 88 нафарашон дубора барои таҳсил рафтаанд.