Рубрики Хабарҳо

Фарохони Олмон ба ҷазби нерӯи муҳоҷирон дар бозори кори Аврупо

Садри аъзам ва вазири иқтисоди Олмон бар зарурати истифода аз нерӯи кории муҳоҷирон барои пешрафти иқтисодии кишварашон таъкид карданд. Ангело Меркел сармоягузории рӯйи муҳоҷиронро ба дигар кишварҳои Аврупо низ тавсия кард. 

Ангело Меркел, садри аъзами Олмон, ва Питер Алтмайер, вазири иқтисоди ин кишвар, дар суханони тозаи худ бар аҳамияти ба коргирии нерӯи кори муҳоҷирон ва афроди табааи кишварҳои хориҷ аз иттиҳодияи Аврупо таъкид карданд. 

Рӯзи душанбе, 16 декабр нишасте дар Берлин перомуни роҳбурди ҷадиди Олмон барои ташвиқи нерӯи кории хориҷ аз Иттиҳодияи Аврупо барои кор дар ин кишвар баргузор хоҳад шуд. Олмон қавонини муҳоҷирати ҷадидеро дар ин робита тасвиб карда, ки аз баҳори соли оянда ба иҷро гузошта хоҳад шуд. 

Ангело Меркел рӯзи шанбе 14 декабр дар остонаи ин нишаст дар як паёми видеоӣ кишварҳои иттиҳодияи Аврупоро фаро хонд то аз роҳе, ки Олмон барои ҷазби нерӯҳои хориҷӣ дар бозори кор худ дар пеш гирифта, улгу бигиранд. 

Хатари хурӯҷи сармояҳо аз Олмон 

Ангело Меркел дар паёми худ гуфт, ки “бидуни нерӯи кории кофӣ наметавон иқтисоди муваффақ дошт”. Ў изофа кард, ки ҳамин ҳоло ширкатҳо, корхонаҳо ва коргоҳҳои кӯчак ва бузург дар Олмон ба шиддат бо камбуди афроде рӯбарӯ ҳастанд, ки ҳирфаӣ омӯхта ва таҷрибаи кори лозимро дошта бошанд. Ў изофа кард: “Ба ҳамин далел муҳимм аст, ки мо барои ҷазби ин нерӯҳо талош кунем вагарна корхонаҳои мо бояд ба маконҳои дар хориҷ аз Олмон мунтақил шаванд.” 

Сиёсати ҷазби нерӯи корӣ Олмон дар айни ҳол шомили ироаи давраҳои омӯзишии бо кайфият барои касоне аст, ки бихоҳанд дар ин кишвар машғул ба кор шаванд. 

Дар қонуне, ки аз ибтидои марти соли 2020 ба иҷро гузошта хоҳад шуд, фурсатҳои гуногуне дар назар гирифта шудааст, аз ҷумла ёдгирии ҳирфа барои муҳоҷирон. Ҳамчунин барои он ки мутахассисон дар риштаҳои гуногун ба хусус дар риштаҳои фаннӣ ва дар заминаи беҳдошт ва дармон битавонанд шуғл ва иқомат бигиранд. 

Манофеъи Олмон дар ҷазби беҳтаринҳост 

Питер Алтмайер, вазири иқтисоди Олмон, рӯзи якшанбе 15 декабр гуфт барои беҳтар пеш бурдани қавонини ҷадид бояд раванди ироаи визо ва иқомати муҳоҷирон ба шакле муассир тасреъ шаванд. Ў ба рӯзномаи “Тогс Шпигел” гуфт, ки манофеъи Олмон дар ин аст, ки “беҳтарин ва коритарин нерӯҳо”-ро вориди бозори кори худ кунад. Ў изофа кард, ки танҳо бо ин равиш аст, ки ширкатҳои олмонӣ аз соири руқабои худ ҷилав хоҳанд зад. Ў ҳамчунин гуфт, ки проектҳои озмоишӣ дар ин замина бо кишвари Бразилия, Ҳинд ва Ветнам ба иҷро гузошта хоҳад шуд. 

Яке дигар аз масоили Олмон тағйироти ҷамъиятии ин кишвар ва афзоиши шумори солмандон аст. Вазири иқтисод бо ишора ба ин мавзӯъ низ гуфт, ки таъмини бознишастагӣ барои наслҳои оянда дар гарави тағйири ин раванд аст. 

Сиёсати фаротар аз ҷазби нерӯи кор 

Он чи дар бемористонҳо ва марокизи дармонии Олмон ба муъзали ҷиддӣ табдил шуда, камбуди нерӯи парастор аст. Ин камбуд ҳамчунин дар хонаҳои солмандон мушкилоти бисёреро эҷод кардааст. 

Янс Ашпон, вазири беҳдошти Олмон, бо ишора ба ин мушкилот гуфтааст, ки Олмон қодир нест ба танҳоӣ нерӯи кофӣ барои хидмат дар бемористонҳо тарбият кунад. Ў афзуд, ки илова бар ҷазби нерӯи кори муҳоҷирон бояд сатҳи кайфияти омӯзиш ва кори

онҳоро ба сатҳи қобили пазириш барои бар ӯҳда гирифтани шуғле дар ин замина дар Олмон расонад. 

Олмон пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум дарҳои худро бар рӯй нерӯи кор аз кишварҳои дигар аз ҷумла Туркия боз кард. Аммо насли аввал ва дуввуми ин бахш аз муҳоҷирон ё ҳеҷ гоҳ дар ҷомеаи Олмон идғом нашуданд ё ҷазби онон дар ҷомеаи ин кишвар ба шакле маҳдуд буд. Анте Видеманн Маутс, вазири ҳампайванди фарҳангӣ дар Олмон, бо ишора ба ин сиёсат гуфт набояд гузошт ин иштибоҳ такрор шавад. Ў таъкид кард, ки “мавзӯъ фаротар аз ҷазби нерӯи кор аст” ва он чи ба унвони “коргари меҳмон” дар қиболи муҳоҷирони турк дар гузашта дар Олмон рух дод набояд такрор шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *