Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт: то кунун 371 ҳазор сурӣ бо хаёли роҳат ба минтақае дар шимоли шарқии Сурия, ки аз террористҳо поксозӣ кардаем , бозгаштанд.
Мавлуд Човушоуғлу вазири умури хориҷаи Туркия тайи суханоне дар нишасте бо унвони “Буҳрони оворагони Сурия”, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор шуд, изҳор дошт: То кунун 371 ҳазор сурӣ бо хаёли роҳат ба минтақае дар шимоли шарқии Сурия, ки аз дасти террористҳо поксозӣ кардаем, бозгаштанд. Мо ба бозгашти амн ва довталабона эътиқод дорем. Бар асоси додаҳои Созмони милал, 70 дарсад аз оворагони дохилӣ ба минтақаи амалиёти “Чашмаи сулҳ” бозгаштанд. Чаро? Зеро онҳо эҳсоси амният мекунанд.
Вай тасреҳ кард: Мондагортарин роҳҳали буҳрони оворагони сурӣ, бозгашти амн ва довталабонаи онҳо аст. Барои ин ки заминаи тасҳили бозгашти довталабона ва шароити амнияти лозим фароҳам шавад бояд бо ҳам ҳамкорӣ кунем.
Вай бо баёни ин ки Туркия мизбони бештарин теъдоди паноҳҷуёни сурӣ аст гуфт: Беш аз ним миллион кӯдаки сурӣ дар Туркия ба дунё омадааст. Ҳимояти Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо аз паноҳҷуёни сурӣ бисёр муҳимм аст.
Човушоуғлу бо ишора ба аҳамияти ускони муҷаддади паноҳндагони сурӣ дар кишварҳои саввум гуфт: Бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо алоқаманд ба ускони муҷаддади суриҳо ҳастанд, дар ҳоле, ки бархе дигар намехоҳанд як суриро бипазиранд. Мо тамоми талоши худро барои роҳи ҳали сиёсӣ дар Сурия анҷом медиҳем. Танҳо роҳҳали мавҷуд дар ин кишвар роҳи ҳали сиёсӣ аст , на низомӣ.