Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) бо бахши баёнияи иттилоъ додааст, ки “мақомоти амниятӣ ва интизомӣ аз тарси расонаӣ шудани ному насаби шиканҷагарон ва тарси расидани номи онҳо ба дасти созмонҳои ҳуқуқи башар”, ба зиндониҳои сиёсӣ ва хонаводаҳошон фишор меоранд.
Онҳо зиндониёнро маҷбур мекунанд “то дар баробари дурбин қарор гирифта ва бар дурӯғ эълон кунанд, ки ба онҳо ҳеч гуна фишоре дар зиндонҳои Тоҷикистон намешавад ва дар шароити бисёр хубе қарор доранд”.
Тибқи иттилоъи Кумита, чунин фишору дархост ба хонаводаҳои зиндониён низ ироа шудааст.
КШНГЗ ба мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ҳушдор додааст “аз ин гуна рафторҳои ғайриинсонӣ ва зидди қонуниашон”, даст бардоранд ва “бидонанд, ки ҳаргиз бо ингуна найрангҳо, наметавонанд ҷомеаи Тоҷикистон ва низ дунёро фиреб бидиҳанд”.
Матни пурраи баёнияи КШНГЗ ба шакли зер аст:
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) зимни ташаккур аз мардуми азизамон ба хотири ҳамкориашон бо КШНГЗ дар расондани ному насаби мақомоти қудратӣ ва интизомие, ки дар озору азият ва шиканҷаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиндониёни сиёсӣ даст доранд, изҳор медорад:
Баъд аз дархости КШНГЗ аз мардум барои ҳамкорӣ дар ин хусус, баъзе аз хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ ва низ фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мо ба алоқа баромада, ин паёмро расонданд, ки мақомоти амниятӣ ва интизомӣ аз тарси расонаӣ шудани ному насаби шиканҷагарон ва тарси расидани номи онҳо ба дасти созмонҳои ҳуқуқи башар, дар ҳоли ҳозир ба зиндониҳои сиёсӣ фишор оварда истодаанд, то дар баробари дурбин қарор гирифта ва бар дурӯғ эълон кунанд, ки ба онҳо ҳеч гуна фишоре дар зиндонҳои Тоҷикистон намешавад ва дар шароити бисёр хубе қарор доранд.
Ва на танҳо болои худи зиндониҳо фишоре меоваранд, балки хонаводаҳои онҳоро низ маҷбур мекунанд, то онҳо низ дар баробари дурбин истода, эълон кунанд, ки ба наздикони зиндонии онҳо ҳеч гуна фишоре нест ва онҳо ҳар вақт ки мехоҳанд, метавонанд бо зиндониҳо мулоқот намоянд ва ҳолату вазъияташон бисёр хуб аст.
КШНГЗ зимни ҳушдор ба мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон аз ин гуна рафторҳои ғайриинсонӣ ва зидди қонуниашон, ба онҳо гӯшзад менамояд, ки даст аз ингуна фишорҳо ва озору азиятҳо бардоранд ва бидонанд, ки ҳаргиз бо ингуна найрангҳо, наметавонанд ҷомеаи Тоҷикистон ва низ дунёро фиреб бидиҳанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ)
30 августи 2019
Варшава, Лаҳистон