Олег Панфилов: Бояд омилону гунаҳгорони ҷанги шаҳрвандӣ муайян карда шаванд
Олег Панфилов, журналист, нависанда ва муҳаққиқи раванди сулҳи тоҷикон ҳини суханронияш дар Ҳамоиш бахшида ба 20 солагии Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Дортмунди Олмон аз иқдоми баргузории ин ҷашн тақдир кард. Ӯ гуфт бояд кӯшиш ба харҷ дод, то омилону гунаҳгорони ҷанги шаҳрвандӣ муайян карда шаванд.
“То замоне, ки мо нафаҳмем, кӣ гунаҳкор аст, ба чӣ хотир шаҳрвандон, журналистон кушта шуданд, мо ҳақиқатро пайдо нахоҳем кард. Ҳар як ҷанг гунаҳкор ва фармоишгари худро дорад” — гуфт Панфилов.
Панфилов бори дигар Русияро муқассири ҷанги Тоҷикистон хонд ва гуфт ин кишвар бештар аз ҳама аз озодии Тоҷикистон метарсид. Натиҷаи таблиғоти расонаҳои русӣ буд, ки тоҷикон то ҳанӯз бовар доранд, ки дар Тоҷикистон як тарафи ҷанг бунёдгарони силомӣ буданд, дар ҳоле, ки ҳама нерӯҳои озодихоҳ ҷамъ омада буданд, гуфт ӯ.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.