Рубрики Хабарҳо

Вокунишҳо ба ҳамоиши Олмон

Фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳое ба ҳамоиши дирӯзаи баргузошуда дар Дортмунди Олмон анҷом додаанд, ки гулчини онро манзури хонандагон мегардонем:

Равшан Темуриён, журналист:

“Рӯзи Тоҷикистони азизам, дар Урупо.

Ба дустони азизам, мӯҳтарам доктор Муҳиддини Кабирӣ, мӯҳтарам профессор Олег Панфилови Хуҷандӣ, мӯҳтарам шоир Темури Варқӣ ва он ҷавонони шуҷоъи миллатам ва он муйсафедони тоҷикам дар Дортмунди Олмон, ки муддати сеюним соат бо муҳоҷирони бечораи Тоҷикистонам буданд, гуш кардам.

Ҷашни Вахдати воқеъӣ буд, дар Конодои дурдаст истода, худро дар Душанбеи баруманди соли 1990-ум эҳсос кардам.
Муҳиддинҷон, медонистам, ки Шумо мактаби хуби устод Нурӣ ва парламентаризми нимадемократии замони пас аз созишҳои тоҷикро гузаштаед. Аммо суханронии Шумои гиромӣ, оташаки умедро ба қалбҳои мавҷи саввуми муҳоҷирони бечора бедор намуд.

Мо, дигар ба тақдир тан додем, хамин ҷо ҷон ба Ҷаббор месупорем. Аммо, тавре ки дустони ҷониам Олег ва Темур ба Шумо гуфтанд, шукр ки тоҷикони озодихоҳ ва ватанпараст мисли Шумо ва ҳамроҳонатон ҳастанд.

Олег хеле самимона гуфт: шукр, ки чунин тоҷикони озодихоҳро мебинам. Ман ҳам бо чашмони ашколуд хамин нуқтаро такрор мекунам ва Шуморо ба оғуш мегирам.

Ватанатон обод, додар ва миллати азиз!»

***

Сайидюнус Истаравшанӣ, пажуҳишгар:

“Панҷ нуқта дар суханронии Устод Кабирӣ ба назарам ҳоизи аҳаммият аст.

Яке, таъкиди вай рӯи ваҳдати амал миёни нерӯҳои опозисиюн дар ин марҳила ва роҳ надодан ба эҷоди ҳар навъ тафриқа ва ихтилоф ва даст кашидан аз кӯбидани якдигар.

Дуввум, ҳушдори ҷиддӣ ба ҳукумат дар бораи рафторҳои носанҷида ва ғайриинсони он дар баробари наздикон ва бастагони нерӯҳои опозисиюн, ва ин ки худи нерӯҳои опозисиюн бояд ин деворро бишкананд.

Севвум, даъват аз нерӯҳои мухталифи опозисиюн барои ироаи барномаҳо ва нақшаҳои роҳи худ дар ин марҳила аз мубориза.

Чаҳорум, душман надонистани ҳамаи онҳое, ки дар ҳукумат машғул ба коранд ва миёни онҳо одамҳои солим зиёданд ва ин ки мушкил фақат чанд нафари маъдуд ва ангуштшумор ҳастанд.

Панҷум ва ба назари ман, аз ҳама муҳим, ҳифз ва нигаҳдории асли сулҳу созиш ва ин ки нақши опозисиюн дар он пурранг будааст.”

***

Исфандиёри Одина, журналисти маъруфи тоҷик, дар мавриди сухани Муҳиддин Кабирӣ мабнӣ бар ин ки чаро ҳукумат намехоҳад матни Созишномаи сулҳро нашр кунад, чунин саволгузорӣ кард:

“Худи ҲНИТ чиро то замоне, ки озодона ва расман фаъолият дошт, ин матнҳоро боре хам дар нашрияи расмияш “Наҷот” чоп накард?”

***

Як модари тоҷик аз Душанбе, ки бо сабабҳои тарс аз фишору таъқиб аз ифшои номаш худдорӣ кард, чунин гуфт:

“Дуруд! Офарин бар Шумо!

Бо ин ҳама нобасомониҳо рӯҳафтода нестед ва баҳри бедории миллат кӯшиш ба харҷ медиҳед.

Баргузории ҳамоиш муборакатон бод!”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *