Роҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор», ки дар ҳамоиш бахшида ба 20 солагии Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Дортмунди Олмон имрӯз 9 июл мебоист иштирок мекард, бино ба сабаби як сафараш, ки аз пеш барномарезӣ шуда будааст, натавонист ширкат варзад.
Аз ин рӯ мувофиқи нақшаи мубтакирони ҳамоиш мебоист Додоҷони Атовулло тариқи онлайнӣ баромад мекард, аммо «бино ба сабабҳои техникӣ бо вуҷуди кӯшиши зиёд шароит даст надод, то суханронии роҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор» пахш бишавад.
Як масъули техникии ҳамоиш ба Паём.net гуфт, ҳарчанд кӯшиш кардем вале сабт бидуни садо буд ва садоро барқарор карда натавонистем. Бинобар бо сабаби набудани садо салоҳ надонистем суханрониро дар ҳамоиш пахш кунем.
Бо вуҷуд сабти навори пурраи суханронии Додоҷони Атовулло ба воситае дастраси Паём.net шуд, ки ба ихтиёри хонандагони сомона вогузор мешавад.