Рубрики Хабарҳо

Нуриддин Ризоӣ: «Соли1997 на сулҳ, балки як макри режими Раҳмонов буд»

Дар ҳамоиши 20 солагии Созишномаи сулҳи тоҷикон Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии «Гурӯҳи 24» ҳини суханронӣ ҳарду ҷониби сулҳро танқид намуда гуфт, Солӣ 1997 сулҳ нашуда буд, балки ҷанг идома дорад. Агар сулҳ мешуд мову шумо инҷо намебудем, зиндонии сиёсӣ намедоштем, табъидӣ намедоштем, ба ҷои баргардондани 1 милион муҳоҷир аз Афғонистон ду милиони дигарро ба Русия гусел намекардем. Ба бовари Ризоӣ ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надошт ва набояд ҳеҷ кас даъвои қаҳрамонӣ ва асосгузорӣ кунад. Ҳатто ҷангӣ таҳмилӣ аз хориҷ гуфтан ҳам баҳонае беш нест, содагии ҳарду тарафи даргир буд, ки кишвар дучори ҷанг шуд. «Имрӯз барои насли ҷадид инҳо муҳим нестанд, ки кӣ аввал ҷанг кард ва кӣ аввал сулҳ кард. Муҳим озод кардани Тоҷикистон  аз золимон аст ва аз ин бадбахтие, ки болои миллат аст раҳо ёфтан аст. Чун аз рӯзе, ки қишри ҷавон чашм боз кардаанд як шахсро ҳоким мебинанд ва кудом дигаргуние назаррас нест».-таъкид намуд Нуриддин Ризоӣ Дар идомаи суханронӣ Нуриддин Ризоӣ бо муроҷиат ба ҳукуматдорони Тоҷикистон гуфт, «Наслӣ навро аз ҷанг натарсонед, чун ҳама барои мо афсона аст». Ба бовари масъули равобити хориҷии «Гурӯҳи 24» Муҳим аз ҳама ончи гузашт барои наслӣ нав як дарсу ибрат шуд, ки ҳаргиз ба ин режим набояд эътимод кард. Касе, ки як бор хиёнат кард  боз ҳам аҳдшикании худро такрор мекунад. Нуриддин Ризоӣ дар поёни суханронияш таъкид намуд, ки дигар «Сулҳи Тоҷиконро» ҳамчун намуна барои ҷаҳониён муъарифи накунем ва ҳадди ақал хориҷро фиреб надиҳем!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *