Рубрики Хабарҳо

Барномаҳои зиддимиллии «амнияти илмӣ»— 2. Фирдавс Холиқов

Дар навиштаи қаблӣ гуфта будем, ки дар бораи амалҳои зиддимиллии амниятиҳо баъзе нуктаҳоро ошкор хоҳем кард. То ҳама бидонад, ки ин барномаи “амнияти илмӣ” то чӣ андоза зиддиинсонӣ ва зиддитоҷикӣ аст.

Ба хусус пас аз эълон шудани задухӯрд байни хешони Гулмурод Ҳалимов бо пулис, боз ҳам баъзе нуқтаҳои мақолаи Раиси КДАМ пеши назар меояд: “Ҷангу даргириҳо буданд, дар оянда ҳам мешаванд ва аз ин набояд фоҷеа сохт”- менависад муаллиф. Яъне ӯ ҳоло нақшаҳои зиёде барои куштор дорад. Ҳоло инсонҳои зиёдеро қурбони афкори бемори худ карданист.

Ҳоло яке аз сенарияҳои тарсондани мардум аз тарафи  Ятимов ин тарғиби ҳарчӣ бештати ин назар аст, ки гӯё ДОИШ аз Афғонистон таҳдид мекунад. Барои ин бояд коре кунад, ки ҳама бовар кунанд. Масалан кишварҳои Амрико ва Русия эълон кардаанд, ки Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст. Аммо амнияти Тоҷикистон мегӯяд хешовандони Ҳалимов бо дастури ӯ ба Афғонистон фирор карданӣ буданд. Дар ҳоле, ки Амрулло Солеҳ собиқ вазири амнияти Афғонистон бар ин бовар аст, ки дар Афғонистон Доиш вуҷуд надорад. Балки касоне мехоҳанд гурӯҳакҳоеро аз номи ДОИШ созмон диҳанд то барои ҳадафҳои хоси худашон истифода баранд. Ҳоло Ҳалимови зиндаву ДОИШ-и воҳима дар Афғонистон яке аз барномаҳои “илмии” Ятимов дар ояндаи наздик аст, ки дар ин бора баъдан хоҳем навишт.

Аммо ҳоло мехоҳем дар бораи шахсе ба номи Фирдавс Холиқов сӯҳбат кунем.  Намояндаи КДАМ дар сафорати Тоҷикистон дар Миср дар чанд соли пеш ва яке аз шогирдони Ятимов. То рафтани Фирдавс Холиқов ба Миср тоҷикон дар он кишвар як иттиҳоди донишҷӯии қавие доштанд, ки ҳамеша дар ҳама корҳо фаъол буданд. Дар он иттиҳод ҳамаи тоҷикон новобаста аз гароишҳои фикриву сиёсӣ гирди ҳам ҷамъ омада буданд. Ба хотири ҳифзи ҳуввияти миллӣ ин иттиҳод корҳои хеле хуберо ба роҳ монда буд. Аз ҷумла барои кӯдакони тоҷики муқими ин кишвар дарсҳои забон ва дадбиёти тоҷик, таърих ва дигар барномаҳоро роҳандозӣ карда буд.

Пас аз омадани Фирдавс Холиқов (дар акс) ба Миср ва кӯшишҳои ӯ дар байни тоҷикон ва масъулони ин иттиҳод ихтилофоти маҳаллӣ, фикрӣ ва сиёсӣ ба авҷ расида, ин иттиҳод фалаҷ гардид. То ҷое, ки дигар тоҷикон он ваҳдати пешинаро надоранд. Аз байни донишҷуён барои худашон ҷосус гузоштанд ва ҳамаро бо ҳамдигар бадбин сохтанд. Ин одам коре кард, ки аз он иттиҳоди хубу пуркор чизе боқӣ намонд. Дигар ҳеҷ тоҷике дар Миср ба дигараш бовар надорад ва бо ҳам ҷамъ намешаванд. Зеро барномаи “илмии” амният дар онҷо амалӣ гардид.

Пас аз он ба хотири муваффақиятҳояш дар Миср ӯро ба Туркия фиристоданд.  Дар Туркия ҳам худашро тоҷири турк муаррифӣ карда, ба офиси яке аз  ҷамъиятҳои тоҷикон рафт ва ба фикри худаш маълумот ба даст оварду ҷамъиятро тӯҳмат ба доишиву экстремистӣ будан кард. Дар натиҷа ин ҷамъият баста шуд. Дар ҳоле, ки ин ҷамъият фақат барои кӯмак ба муҳоҷирон ва пешгирии пайвастани тоҷикон ба гурӯҳҳои ифротӣ фаъолият мекард. Бинобарин фаъолияташ ба ин амниятии муваффақ хуш наомад. Зеро ҳадафи амният пешгирӣ аз пайвастани тоҷикон ба гурӯҳҳои ифротӣ нест. Балки ин ниҳод худаш дар фиристодани ҷавонони содда ба ин гурӯҳҳо даст дорад. Мо маълумоти дақиқ дорем, ки кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Истамбул ба ин одамон паспорт фурӯхтаанд. (Дар бораи паспортфурушиҳои амният ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳам баъдан бо далелҳои мушаххас хоҳем навишт).

Бо тӯҳматҳои Фирдавс Холиқов яке аз ҷавонони хидматгори тоҷикон дар Истанбул боздошт гардид. Ин ҷавон дар Истанбул зиндагӣ мекард ва бо фиристодани бор ба Тоҷикистон зиндагиашро мегузаронид. Мо вақте аз ҳар тоҷике, ки ӯро мешинохт пурсидем, гуфтанд ӯ касе буд, ки хидматаш ба ҳамаи тоҷикон мерасид. Ҳар касе мушкиле медошт ӯ то охир кӯмакаш мекард.  Бо кӯшишу тӯҳмабофии Холиқов  ва яке аз кормандони “Сомонэйр” ин ҷавон дар Туркия боздошт гардид. Ба ӯ туҳмат заданд, ки аз Туркия бе пардохти боҷи гумрукӣ бор мефиристад. Оё як тоҷики миллатдӯст ба ҳамватани худ чунин тӯҳматро раво медорад? Ё ба таври дигар гӯем, касе, ки ба чунин як тоҷики хидматгори тоҷикон ингуна туҳмат мезанад инро ҷуз хиёнат ба миллат чизи дигаре метавон гуфт?

Холиқов дар Истамбул ба корхонаҳое рафтааст, ки дар онҷо тоҷикон кор мекунанд. Тоҷиконеро, ки дар ин корхона онҳоро беҳтарин инсон ва донишманду мутахассис медонанд. Тоҷиконе, ки миллати тоҷикро ба беҳтарин шакл дар ин муассисаҳо муаррифӣ кардаанд,  Фирдавс Холиқов онҳоро доишӣ ва террорист муаррифӣ кардааст. Ӯ бо суистифода аз мақомаш дар Сафорат, танҳо ба фитнаангезӣ дар миёни тоҷикон ва террористу ифротӣ нишон додани онҳо дар ин кишварҳо машғул  аст.

Бо ин барномаи “илмии” худ амният мехоҳад дар Туркия ҳам мисли Русия тоҷиконро ба мардуми ҳақир, бесоҳиб, ифротӣ ва саргардону парешон табдил кунанд. то ҳар вақт лозим шуд бо ҳар туҳмате тавонанд ба осонӣ ҳар тоҷикеро туҳмат карда истирдод намоянд.

Яке аз корҳои дигари Холиқов ба ҷои сарҷамъ кардани донишҷуён, аз байни онҳо ҷосус ва хоин таёр кардан аст. Ӯ бо донишҷӯён бо ҳар роҳу васила вохӯрда, баъзеи онҳоро маҷбур ва баъзеи дигарро бо ваъда ба ҷосусӣ гумоштааст. Ин  идомаи сиёсати  “хирадмандонаи” амният аст, ки аввал дар донишгоҳу муассисаҳои дохили Тоҷикистон ва баъд дар Русия ҳам ин корро хеле пештар ба таври густарда анҷом додаанд. Ҳоло кормандони амният дар Русия ҳам хеле фаъол ҳастанд. Онҳо аллакай тоҷикони хидматгори аслии мардумро бадном кардаанд. Онҳоро ҳам ифротиву ғайра муаррифӣ намуда, худ зимоми кори диаспораҳоро дар даст гирифтаанд, ки дар бораи ин кормандони амниятии диаспораҳо ҳам баъдан хоҳем навишт.

Ба ҳар ҳол фаъолияти як нафар амниятӣ дар амал тамоми барномаҳои амниятро барои мо ошкор мекунад. Бо барномаи ихтилоф андохтану ҳукумат кардан магар мешавад миллат сохт?

Магар тоҷикро дар дунё ба унвони ифротиву террористу героинфурӯш нишон додан мешавад давлат сохт?

Оё чунин амниятеро мешавад муҳимтар аз давлат донист?

Оё чунин амнияте миллату кишварро ба кадом самт мебарад?

Дар охир боз ҳам сухани аслӣ ҳамин боқӣ мемонад, ки чаро то омадани Ятимов дар ҷомеаи мо мардум ба ҳамдигар эътимоду боварии бештар дошт? Чаро мардум аз ҳамдигар ҳазар намекард? Маҳз бо омадани ӯ ва бо шарофати барномаҳои “илмии” ӯ ҷомеа дучори як ташаннуҷ ва бӯҳрон шуд. Ҳама аз ҳамдигар ҳазар мекунанд. Дигар мардум ба ҳамдигар бовар надоранд.

Чаро?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *