Рубрики Хабарҳо

Фаврӣ! Дар як масҷиди Истамбул тоҷиконро “шикор” карда истодаанд!

Ин лаҳзаҳо дар масҷиди мавсум ба Теппабошӣ, воқеъ дар минтақаи Пендики Истамбул, гурӯҳе аз мақомоти номаълуми турк, ки ҳамроҳашон ҳади ақал як корманди КДАМ-и Тоҷикистон ҳузур дорад, ба “шикор”-и тоҷикон машғуланд.

Тибқи иттилои як манбаи мӯътамад, ки дар намози пешин дар ин масҷид ҳузур доштааст, ин гурӯҳ бо як мошини шишасиёҳ ба назди масҷид омада, тоҷиконеро, ки аз масҷид берун омадаанд, боздошт менамоянд. Чанд нафар аз боздоштшудагон аллакай ба самти номаълум бурда шудаанд.

Корманди Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон, ки бо он гурӯҳ якҷоя ба боздошт машғул аст, Фирдавс Холиқов ном дорад, ки соатҳои наздик корномааш дар “Паём” нашр хоҳад шуд.

Манбаъи мо натавонист ба кадом мақомот дахл доштани он нафарони туркро муайян кунад, чун ба гуфти ӯ онҳо бо либосҳои мулкӣ омадаанд. Мо аз манбаъ хоҳиш кардем ҳади ақал он мошинро аксбардорӣ кунад, вале ӯ аз боздошти худаш хавф бурда, аз бозгаштан ба назди масҷид худдорӣ кард.

Тибқи иттилои як манбаи дигар, ки чанд рӯз пеш ба мо расида буд, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо чанд нафар аз тоҷикони муқими минтақаи Пендики Истамбул вохӯрӣ анҷом дода буданд, ки ин боздоштҳо шояд ба он вохӯрӣ бастагӣ доранд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *