Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Нурӣ
Ҳафтаи ҷорӣ барои дифоъ аз наздикони марҳум устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ ихтисос ёфт, ки дар чанд моҳи ахир бархе аз онҳо беҷиҳат аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон боздошт ва бархе дигар ҳам бедалел таҳти фишор ва озору азияти ниҳодҳои мазкур қарор гирифта ва ҳанӯз қарор мегиранд. Дӯстон дар КШГНЗС дар сойти “Зиндониён” ба тафсил дар бораи он навиштаанд.
Ва аммо он чи дар ин ёддошт меояд ва банда дар ин ҳафта барои баҳс интихоб кардаам, мавзӯи барномаҳои куллии Паймони Миллии Тоҷикистон аст, ки зери унвони “” дар расонаҳо мунташир шуда. Намехоҳам, ба муаррифии он барномаҳо бипардозам, метавонед бо руҷӯъ ба сойти “” ва ё “” бо онҳо ошно шавед. Балки се нукта дар ин миён ҳаст, ки ба назарам, бояд ёдоварӣ шаванд:
1) Нуктаи аввал ин ки: инсон, ба муқтазои сиришт ва фитраташ, амал накардан ба як қавл ва ваъдаро ба хусус агар аз сӯи ҷамъе аз одамҳои ҷиддӣ (масалан, ҳукумат), на як инсони оддӣ, дода бишавад, на танҳо зишт ва нописанд, балки ғайримумкин ва маҳол медонад. Одам ба муқтазои фитраташ чунин аст. Ин ки як кӯдак ҳаргиз дурӯғ намегӯяд, бад-ин хотир аст, ки фитраташ пок аст ва олуда нест.
Одамҳо замоне ба иртикоби як гуноҳ, масалан дурӯғ гуфтан, ҷуръат пайдо мекунанд, ки бибинанд, дигарон муртакиб мешаванд. Ва ба сухани дигар, шикаста шудани ҳарими як гуноҳ аз сӯи дигарон – ки фитрати поки инсонӣ наздик шудан ба онро зишту қабеҳ медонад, то чи расад ба иртикоби он – ба маънои чароғи сабз барои мумкин будани иртикоби он гуноҳ аст. Одам вақте дид, дигарон дурӯғ мегӯянд ва мебинад, ки иттифоқе барои дурӯғгӯ намеафтад, ҷуръати дурӯғ гуфтан дар ӯ пайдо мешавад.
Одам дар фитрат ва сиришташ пок аст, ҳаргиз ба як гуноҳ ва кори зишт наздик намешавад, магар он ки ҳарими гуноҳе тавассути дигарон шикаста шуда ва ӯ ба чашмонаш бибинад.
Ин ки ҳукумат ба мардум ваъда бидиҳад – ва тоза, ба сурати мактуб ва дар шакли як барнома — ки масалан, яке аз барномаҳояш ин аст, ки бо фасодҳои идорӣ (коррупсия) мубориза мекунад, яке дигар ин ки порахӯриро аз асос решакан месозад, дигар он ки аз шаҳрвандон ва озодиҳои онон ҳимоят мекунад ва ғайраву ҳоказо, инсон ба фираташ, амал кардани ҳукумат ба ин ваъдаҳоро ҳатмӣ медонад ва гом бардоштани мақомот бар хилофи ин ваъдаҳоро на танҳо зишт, ки ғайримумкин мешуморад.
Хуб, ҳоло агар мақомот ба ваъдаҳои худ амал накунанд ва ба барномаҳои ироашуда пойбанд набошанд ва на танҳо бо фасодҳои идорӣ пайкор нашавад, ки мақомот худ – яъне ҳамин ваъдадодаҳо – ба коррупсия олуда гарданд, дар ин сурат, вақте шаҳрвандон инро мебинанд, пеши онҳо ин гумон падид меояд, ки пас, иртикоби гуноҳ “шуданӣ” будааст; мешудааст одам ба ваъдае, ки медиҳад ҳатто ба сурати мактуб ва дар шакли як барнома, пойбанд набошад ва ҳадаф аз ироаи як барнома – ки мо чунону чунон хоҳем кард – як навъ “сиёсат” будааст; як навъ “дурӯғи маслиҳатӣ” будааст. Хулоса, ваъда додан ва сипас амал накардан ба он, шӯрбахтона дар миёни мардум ба як фарҳанги умумӣ табдил ва коре оддӣ мегардад.
Ин ки Мирзонабӣ Холиқзод, хабарнигори Радиои Озодӣ, дар сӯҳбаташ бо Муҳиддин Кабирӣ дар хусуси барномаҳои ироакардаи Паймони Миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки “ҳукумати Тоҷикистон низ барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати худро дар масъалаҳое, ки дар барномаи шумо омадаанд, эълом доштааст” ва сипас мепурсад, “барномаи Шумо аз он чӣ фарқ дорад?”, мафҳуми суханонаш ин аст, ки ваъда додан ва сипас амал накардан ба он, як чизи оддӣ аст, ҳукумат аз ин навъ барномаҳо мошоаллоҳ ироа карда, вале ба онҳо амал намекунад, ин падида як чизи комилан (лоақал дар Тоҷикистон) оддӣ аст, ҳоло шумо омадед ва айни ҳамон корро такрор мекунед, ё шумо ва барномаҳоятон фарқ мекунад? Мафҳуми суханонаш ҳамин аст.
Ин як амри оддӣ ва маъмулӣ нест, ин як мусибат аст ва балки мусбате бузург аст, ки амал накардан ба қавле, ки дода мешавад, ба як фарҳанг ва одати роиҷ миёни мардум табдил гардад ва мардум боварашон ин шуда бошад, ки амал накардан ба барномаҳо “мумкин” аст ва балки “бояд” чунин бошад. Яъне идораи ҷомеа ва сиёсат, “бояд” ва “воҷиб аст”, ки ҳамроҳ бо фиреб, дурӯғ, найранг ва калак бошад; гӯ ин ки ғайри он қобили тасаввур нест ва сиёсате, ки ҳамроҳ бо росткорӣ ва ростқавлӣ бошад, соддагӣ ва гӯл будан аст, дар ин замон “бояд” дурӯғ бигӯӣ, “бояд” фиреб бидиҳӣ, “бояд” ба қавле, ки додаӣ, амал накунӣ, вагарна ту сиёсатмадор нестӣ ва наметавонӣ ҷомеаро идора бикунӣ.
Ин як мусбат аст, як фоҷеа аст ва пеш аз ҳама ва қабл аз иҷрои барномаҳои иқтисодӣ, лозим аст ин фарҳанг дигаргун гардад ва аз асос решакан шавад ва бояд коре кард, ки мардум ва шаҳрвандон ба фитрати поки инсонӣ баргарданд. Дурӯғ, фиреб, калак ва найранг бояд аз ҷомеа рахт барбандад.
Паймони Миллии Тоҷикистон агар ваъдае дода ва тарҳе рехта ва барномае ироа карда, пеш аз он ки барои дигарон собит кунад, ки ӯ дорои “барнома” аст, қабл аз ин, пойбандии хеш ба иҷрои барномаҳои ироакардаашро эълом мекунад. Зеро, бовараш ин аст (лоақал бовари банда, ки узви ин эътилоф ҳастам), ки одам аввалан, ба мардум чизеро, ки иҷрои он мумкин ва дар тавони башар аст, ваъда медиҳад ва сониян, пойбанд ба иҷрои ваъдаҳо ва барномаҳои худ аст. На ин ки иҷрои чизеро ба шаҳрвандон ваъда бидиҳад, ки аз тавону қудраташ хориҷ аст ва сониян, дар ваъдаи худ ҷиддӣ набошад, яъне бовараш ин бошад, ки маҷбурам “барномае” ироа бидиҳам, зеро доштани “барнома” – қатъи назар аз ин ки дар он чӣ чизе ваъда дода шудааст – худаш як “эътибор” (престиж) аст.
2) Нуктаи дуввум ин ки: барномае, ки Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ироа карда – ва чунон ки раҳбари ПМТ низ дар пешгуфтори он ёдовар шудааст — дорои ду вежагии асосӣ мебошад. Аввалан, чизеро ваъда дода ва ба унвони барнома ироа кардааст, ки шуданӣ аст; яъне ҳам, иҷрои он мақдур ва дар тавони ӯст ва ҳам, кишвари Тоҷикистон дорои сармоя ва захоире аст, ки иҷрои барномаи мазкур ба он бастагӣ дорад.
Вежагии дуввуми ин барнома — ки онро воқеан аз барномаҳои мушобеҳ мутамойиз сохтааст – ин аст, ки холӣ аз ҳар гуна печидагӯӣ ва ба кор бурдани вожаҳои номаънус барои шаҳрвандон аст. Албатта, на ин ки хеле содда ва ғайриилмӣ аст, на, балки саъй шудааст, матолиби ҳатто печида ва барои шаҳрвандон ғайриошно низ бо иборатҳои хеле содда ва расо баён гардад. Ин хеле муҳим аст.
Асосан, ҳунар ин нест, ки барои он ки собит кунед, шумо “алломаи даҳр” ва хеле “донишманд” ҳастед, дар ироаи матолиб аз вожаҳои номаънус ва ғайриошно ба мардум истифода кунед, то ҳама бигӯянд, фалонӣ хеле донишманд будааст ва ҳарфҳояшро ҳама намефаҳманд. Ин ҳунар нест ва балки айни ҷаҳолат ва нодонӣ аст. Ҳунар он аст, ки шумо битавонед, матолиби бисёр печида ва душворро бо иборатҳои хеле расо ва равшан барои хонанда ироа бикунед. Яке аз вежагиҳои Достоевский, файласуф ва нависандаи шаҳири рус, ки донишмандон эътирофаш кардаанд ин аст, ки матолиби бисёр печидаи фалсафиро тавониста ба сурати як достон ва ҳикоя ба хонанда мунтақил кунад. Мавлавии Балхӣ низ аз ин ҳунар бархӯрдор аст. Ӯ тавониста, маорифи бисёр баланд ва фалсафиро зимни нақли як қисса — ки гӯянд, бештари достонҳои Маснавӣ сохтаи зеҳни халлоқи худи Мавлоност – ироа фармуда.
3) Нуктаи севвум, ки метавон гуфт, як эрод ба барномаи мазкур мебошад ин аст, ки дар ин барнома ҷойи ироаи як роҳкори амалӣ ҷиҳати “сохтани худи инсон” холӣ аст. Манзурамро равшантар баён бикунам: дар ин барнома – бо ин ки таъкид шудааст, ки қобили ислоҳ ва аз нақду баррасиҳо истиқбол мешавад – дар хусуси 10 самти бисёр муҳим барои ҷомеа тарҳ ироа шуда ва воқеан лозиманд. Дар инҳо шакке нест. Аммо он чи дар ин барнома дида намешавад (ва ба тариқи авло дар барномаҳои мушобеҳ, ки дигарон ва ба хусус тавассути коршиносони вобаста ба ҳукумат ироа шудааст), таваҷҷӯҳ ба улуми инсонӣ ва сохтани инсон аст.
Ва ба сухани дигар, дар Тоҷикистон пас аз истиқлол, дар бораи зарурати ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ бисёр таваҷҷӯҳ ва роҳкорҳое дар ин замина ироа мешавад, аммо ба худи инсон, ки бояд чӣ гуна бошад, чандон аҳаммият намедиҳанд. Албатта, ин адами таваҷҷӯҳ, сарчашма дар як бовар дорад ва он ин ки инсон, ҳамин мавҷуди моддӣ асту бас, ки агар вазъи иқтисодии ӯ беҳбуд ва шароити зиндагии идеоле барои ӯ фароҳам бишавад, ӯ пешрафт хоҳад кард; мисли ин ки агар ӯ дар бинои казоӣ зиндагӣ кунад, ба маоши хуб ва ба гозу барқ таъмин шавад, озодиҳояш мӯҳтарам дониста шуда ва касе дар корҳои ӯ бинӣ нахалонад ва ҳукумат аз озодиҳо ва ҳуқуқи ӯ ҳимоят кунад, дар баёни афкору андешаҳояш озод бошад, Тоҷикистон дар қарни 21 аз қофилаи пешрафт ақиб наяфтад ва ғайраву ҳоказо.
Дар ин бовар, инсон танҳо як мавҷуди моддӣ фарз шуда, ки ҳеч фарқе бо як ҳайвон, ки мехӯрад, мехобад ва алоқаи ҷинсӣ мекунад, надорад. Мо фикр мекунем, агар шароити инсон ба унвони як мавҷуди моддӣ хуб таъмин гардад (яъне хуб бихӯрад, хуб бихобад ва хуб алоқаи ҷинсӣ намояд), ӯ саодатманд шуда. Дар ҳоле, ки чунин нест. Камол ва саодати инсон фақат дар доштани хонаи хуб, мошини хуб, хӯроки хуб, маоши кофӣ, доштани озодӣ дар баёни андеша ва ғайра аз ин қабил чизҳо, нест.
Камол ва саодати воқеии инсон, дар тараққии руҳи ӯст; ин ки шумо як одами ростгӯ ва росткор бошед, ин ки амалкунанда ба ваъдаҳои худ бошед, ин ки исоргар ва аз худ гузашта бошед, ин ки вақте шиками ҳамсояи шумо гурусна аст, натавонед бихобед, ин ки вақте кишваратон мавриди ҳуҷуми бегона қарор гирифт, ба дифоъ бархезед ва дар саффи аввал қарор бигиред, ин ки дар корҳои худ ихлосро пеша кунед, ин ки чашмонатон ба айбҳои худатон биафтад ва дар садади бартараф кардани онҳо бишавед, на ин ки ҳамеша айбҳои дигаронро бибинад, ин ки одами хоксор ва мутавозеъ бошед, на мутакаббир ва аз худ рафта, ин ки ҳамеша ба дунболи дониш ва донистан бишавед ва аз ҷаҳолат ва нодонӣ фирор кунед, ин ки тамоми ҳамматон дар зиндагӣ ҳақиқатхоҳӣ ва ҳақиқатёбӣ ва ҳақиқатгӯӣ бошад, ин ки ҳамеша адолатхоҳ ва адолатмеҳвар ва аз зулму золимон мутанаффир бошед, ин ки пайваста дар канори ситамдидаҳо ва алайҳи ситамгарон бошед ва ғайра…
Лозимаи ин ки инсон дар канори пешрафт дар ҷиҳоте дигар, ороста ба ахлоқи номбурда шавад, будани як барнома ва тарҳи куллӣ барои ӯ дар ин замина аст. Ин кор – чунон ки пиндошта мешавад – як силсила умури фардӣ нест, ки ҳукумат коре ба онҳо надорад. На. Балки ҳукумат барномаҳои таълимӣ ва тарбияии худро, аз маҳди кӯдакҳо ва синфи якум гирифта то болтарин марокизи илмӣ мисли донишгоҳҳо, тавре поярезӣ кунад, ки инсон ин гуна ба бор биёяд. Аммо ин ки ба чӣ сурат бишавад, ин як баҳси дигар аст, ки бояд дар ҷойи худаш баҳс шавад.
Албатта, ин эрод пеш аз ҳама ба худи банда низ ворид аст, ки дар ҷаласоти таҳияи ин барнома, ки ПМТ ироа намуд, ширкат кардааст. Ба ҳар ҳол, лозим дидам, арз бикунам.
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_бастагони_устод_Нурӣ