Вакилони дифоъи аз созмони “Агора”, ки тасмими ҳимояти муҳаррири Шабакаи аввали Русия Марина Овсянниковаро гирифтаанд,12 соат аст, ки ӯро пайдо карда наметавонанд. Овсянниковаро шоми 14 март пас аз зоҳир шуданаш бо шиори зиддиҷангӣ дар пахши мустақими Шабакаи аввал дастгир карданд.
Шоми гузашта, 14 март замоне, ки пахши мустақими барномаи хабарӣ ҷараён дошт, муҳаррири шабака Марина Овсянникова бо шиори зиддиҷангӣ пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар постере, ки ӯ дар даст дошт, навишта шуда буд «Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед. Ба таблиғот бовар накунед. Инҷо шуморо фиреб медиҳанд».
Қаблан гуфта мешуд, ки Овсянниковаро ба ШКД ноҳияи Останкинои Маскав бурдаанд, аммо пулис ба вакилон гуфтааст, ки зан дар шӯъба нест. Шаби 15 март хабаре нашр шуд, ки Овсянниковаро дар қисми навбатдории шабакаи “Останкино” пайдо кардаанд, аммо вақте вакили созмони “Ҳимояи ҳуқуқ” Анри Тсискаришвили ба онҷо рафт, занро пайдо накард.
Марина Овсянникова дар як лаҳза ба маъруфтарин чеҳра дар ҷаҳон табдил шуд. Хабарнигори Паём, ки дурӯз саҳифаи фейсбукии ӯро пайгирӣ мекард, мегӯяд ҳар сония садҳо шарҳ зери акси ӯ навишта мешуд ва мардум аз тамои ҷаҳон ба ӯ таҳсин мегуфтанд.
Раисҷумҳури Укроин Владимир Зеленский низ аз ҷуръати ӯ ситоиш кард.