Рубрики Хабарҳо

Муҳаммадсаид Ризоӣ: Ба ҳам омадани опозисиюн пардаро аз рӯи тамоми хиёнат ва нақшаҳои шуми ҳукумат бармедорад

Даҳшатангезии матбуотӣ!

Дар ин рӯзҳои ахир Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз нав дар сархати ахбори қисме аз расонаҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва мавриди баҳсу баррасиҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт, ки он нигарониҳои ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба бор овард.

Баҳамоии мухолифон
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар санаи 9-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоише бахшида ба 20-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи байни Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва Ҳукумат баргузор кард. Дар ин ҳамоиш тамоми гуруҳҳои мухолифи ҳукумати кунунӣ, фаъолони сиёсӣ, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рузноманигорони мустақил ва коршиносони бахшҳои сиёсиву иҷтимоии худӣ ва берунӣ аз гӯшаву канори дунё даъватро пазируфта, ҳузур доштанд. Дар ҳошияи ин ҳамоиш нишасти алоҳидаи раҳбарони гурӯҳҳои опозисиюни Тоҷикистон доир шуд. Вале аз натоиҷи нишасти мазкур дар матбуот чизе пахш нашуд.

Аммо Маркази пажуҳишҳои стротегии назди Призиденти Тоҷикистон субҳи 10-июл расман вокуниши худро аз тариқи як нишасти хабарӣ ба ин ҳамоиш эълон намуд. Муовини аввали раиси Маркази пажуҳишҳои стротегӣ, ҷаноби Сайфулло Сафаров дар ин нишаст баён дошт, ки “фаъолияти ҲНИТ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷ ба амнияти кишвар хатар дорад”.
Вай афзуд : “Дар ҳоле, ки гурӯҳҳои опозисиюн дар гузашта, дар дохили кишвар бар рӯйи ҷомеа таъсир надоштанд, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ заминаи иҷтимоӣ дорад ва ҳамагуна фаъолиятҳои сиёсӣ ва муттаҳидшавиаш бо гурӯҳҳои дигар метавонад ба афкори ҷомеа дар дохили Тоҷикистон таъсир гузорад”.
Ба таъкиди ӯ,“ҳоло раванди муттаҳидшавии нерӯҳои мухолиф дар беруни кишвар, бахусус пешравии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба амнияти миллии мо хатари хеле ҷиддӣ дорад”.
Сайфулло Сафаров пеш аз ин ҳам дар чунин мавриде гуфта буд ва ҳоло таъкид мекунад, ки “ бояд давлати Тоҷикистон дар баробари онҳо (мухолифони сиёсиаш) тамоми қувваҳоро мунсаҷим кунад” ва бар асоси “муқтазои табиати хеш” чун ҳамеша таҳдид ҳам кард, ки “ин корҳо –сафарбар намудани қувваҳо- алакай сар шудаанд ва агар нашудаанд бояд шаванд”.

Эътироф ва кумакхоҳӣ
Сайфулло Сафаров дар ин нишаст эътироф намуд, ки то кунун нафақат кишварҳои хориҷи дур, балки Русия ва дигар давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳам Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро созмони теруристӣ намедонанд. Вай зимни ин нишасти хабарии худ, аз кишварҳои муштаракулманофеъ, ба вижа аз Русия даъват кард, то дар масъалаи амнияти Тоҷикистон бетараф набошанд ва алайҳи гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд, иқдом кунанд. Ҳамчунин бо ишора ба паёмадҳои рух дода, дар Либия, Ироқ, Сурия, Тунис ва Миср аз хабарнигорон даъват кард, ки дар мубориза бо чунин омилҳое, ки –ба гуфти Ӯ– ин давлатҳоро чапаву роста кардаанд, ҳамкорӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин дар рафти суҳбати худ эътироф кард, ки: “Дар Тоҷикистон норизоиятии мардум вуҷуд доштаст, вале мешавад ин камбудӣ ва норасоиҳоро аз тариқи пешниҳоди фаъолона ҳаллу фасл кард.”

Ҳамдастӣ ва найрангҳои пинҳонӣ
Ҳамон гуна, ки ин ҳамоиш ва нишаст дар дили садҳо ҳазор аз ҳамватанҳои мо шодиву хурсандӣ ва умеди тозаи баргашти оромӣ ва озодиву адолатро ба Тоҷикистон даровард, мебинем аз он бештар Ҳукумати худкома ва мақомоти диктотурии кишварро нороҳат сохта аст. Шумо, ҷаноби Сайфулло Сафаров, бар ин бовар ҳастед, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ заминаи иҷтимоӣ дорад, бо ин вуҷуд ва он гуна, ки аз сухани Шумо бар меояд, маркази стротегии Шумо аз солҳои хело пеш инро дар гузоришҳои худ ба мақомоти марбутаи кишвар хатар ба амнияти он нишон додааст. Пас маълум мешавад исёни муовини вазири дифоъ, Абдуҳалим Назарзода, бегуноҳ кушта шудани собиқ кормандони мақомоти қудратӣ, манъи фаъолияти ҲНИТ ва ба ҳабс гирифтани аъзоёни он, зиндонӣ намудани адвокатҳои онҳо ва бастани нашрияҳои мустақилу адолатмеҳвар, ҳама туҳмат ва бар асоси гузориши ғалат ва ғаразноки Маркази пажуҳишгоҳи стротегии Шумо ва дасти палиди Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ будааст, ки пушти он нақшаи хатарнок ва хиёнати калоне метавонад ҷой дошта бошад. Агар ғайр аз ин чизи дигаре бошад, муҳтарам Сафаров онро мушахас мекардед, то равшан мешуд ба кадом андоза ин ҳамоиш ба он рабт ва чигуна барои амнияти кишвар хатарнок буда метавонад?! Инро медонед, ки дар ин росто ҷуз дуруғ ва хиёнат ба миллат ва даҳшатафканӣ дар дили мардум дигар чизе надоред ва яқин доред, ки ҳамоиш ва ба ҳам омадани гурӯҳҳои опозисиюн парда аз рӯи тамоми хиёнат ва нақшаҳои шуми Шумо бармедорад.

Ҳамоқат
Ҳоло намешавад ҳамон гуна, ки аз ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 ҳар замон ва доиман ёд кардаву мардумро тарс медиҳед, ба ҳодисаҳои ҷорӣ дар “Либия, Ироқ, Сурия, Тунис, Миср” ва тарс аз оқибати он, давлатҳои минтақа ва ҷаҳонро мутақоид кунед, то ба сафсатаҳои бофта ва сохтаатон бовар кунанд. Хело аҳмақед, ки дарк намекунед аз манъи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қариб се сол сипарӣ шудааст, вале на кишварҳои минтақа ва на ташкилоту созмонҳое, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад ва на Руссияву кишварҳои дигари дунё, ба вижа Иттиҳоди Урупо бо вуҷуди мактубу дархости мукарари ҷониби Тоҷикистон, Наҳзати Исломиро ҳамчун созмони терористӣ қабул надоранд.

Зорӣ
Ҳол, ки аз хабарнигорон дар ин росто талаби мусоадат ба амал овардед, манзуратон кадом хабарнигорон мебошад? Дар дохили Тоҷикистон зарурат ба чунин даъват вуҷуд надорад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳар чӣ бихоҳад фармон медиҳад, хабаргузориҳо нашр мекунанд. Агар манзуратон хабарнигороне, ки дар беруни Тоҷикистон ба сар мебаранд бошад ва “ҳаллу фасли мушкилоти вуҷуд доштаро аз роҳи пешниҳоди фаъолона” арзёбӣ кардаед. Вале фикр накунам онҳоро битавонед бо ин содагӣ бовар кунонед, то барои ҳамкорӣ ва дар идомаи зулми шумо шарик шудан ба кишвар баргарданд ва бо Шумо ҳамкорӣ кунанд.

Сулҳи худ бо худ
Оқои Сафаров, Шумо дар суҳбати худ ишора кардед, ки “мушкилотро мешавад аз роҳи муколима ҳал кард”. Вале ҷанобашон нагуфтед кадом муколима ва бо кӣ?.. Бо пиразанҳову пирамардон ё хешовандони бедифоъи мухолифин дар идораҳои амният ё дар зиндонҳо?.. Ё манзури Шумо аз муколима гуфтугӯи маркази стротегӣ бо дастгоҳи президентӣ бошад, мисле, ки худатон бо худатон сулҳ карда бошед гуё?! Бояд Шумо бидонед, ки барои сулҳ ва муколима ҳади ақал ду ҷониб вуҷуд доштанаш ҳатмист. Ин, ки танҳо Шумо метвонед худ бо худ сулҳ ва муколима кунед, башарият ҳануз ба сатҳи Шумо ҷанобон нарасидааст ва ҳоло ҳам дар ҳамон фикр аст, ки барои сулҳу муколима ду ҷониб лозим аст.

Иштибоҳ
Сайфулло Сафаров, Шумо инро бояд бидонед ва мутмаин ҳам ҳастам медонед, ки ин ҳамоиш барои исботи вуҷуди Наҳзати Исломӣ ва намоиши қудрати опозисиюн дар хориҷ набуд. Ин ҳеҷ гуна таҳдид ба амнияти кишварамон ҳам намебошад, балки ҳаққи табиӣ ва қонунии Наҳзати Исломӣ ва гурӯҳҳои мухолиф ва ҳамаи мардуме, ки аз зулми Шумо овораву саргардон шудаанд ва оғози навиди тоза дар рагҳои хунгарди озодихоҳону адолатдӯстон мебошад. Фикр накунед, ки бо овардани фишору таъқиби навбатӣ болои хешу наздикони мардуми ба хориҷ паноҳбурда, ки аз он “алакай тадбиру чорабинӣ дида шудааст ва агар, то ҳол дида нашудааст бояд сар карда шавад” таҳдид кардед ва оғоз ҳам намудед, метавонед пеши мардумро бигиред. Иштибоҳ мекунед, дигар норозигии мардум афзоиш меёбад. Мардум хуб медонад, ки ҳар кӣ ба нафъи онҳо пешниҳоди мусбати фаъолона кунад, боздошт ва хоин нишон дода мешавад.
Он вақт “дар гузашта гуфтам, боз ҳам таъкид мекунам” мегуед??!!..

Муҳаммадсаид Ризоӣ

Узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *