Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира: Таърихи паёмбарӣ зери шуои мактабҳои навини таърихнигорӣ

Дар қарни нуздаҳум дар таърихнигорӣ илова бар услуби мавзӯӣ ва ё он чӣ “равияи илмӣ” меноманд, услубҳои гуногун ва бисёре падид омаданд. Аксари ин равияҳо дар доирае, ки онро “равияи худӣ” гуфтаанд, ба ҳам меоянд. Аз ҷумлаи бузургтарин нафароне, ки аз ин равия тарафдорӣ мекунад ва намояндагӣ аз он дорад, Фрейд мебошад. Саромадони ин равия дар он ки таърихнигор майли зотии худ ва ё иттиҷоҳи фикриву динӣ ва ё сиёсии худро дар тафсиру таҳлили ҳодисаҳои таърихӣ ва дар кори ҳукм кардан ба қаҳрамонҳои он омехта мекунад, боке намебинанд. Балки ба пиндори онҳо ин гуна амалкард аз вазифаҳои таърихнигор буда, кори ӯ танҳо ба баёни ахбор ва гирд овардани ҳодисаҳои сирф маҳдуд набояд монад.

Ин равия нигориши таърих ва таълифи онро ба як кори бадеии сирф табдил медиҳад ва дигар имкон намедиҳад, ки он як амали илмии дақиқ ҳисобида шавад.

Мо, агарчи, инҷо оид ба равияҳои таърихӣ ва нақди он сухан карданӣ нестем, вале бояд аз он нигаронӣ дошта бошем, ки дар асри илму ифтихор аз он, касоне пайдо шудаанд, ки ба ин гуна равияҳо худ бовар доранду дигаронро ба он мехонанд. Зеро ин гуна равияҳо кафил бар онанд, ки ҳама ҳақиқатҳои илмӣ ва он ҳодисаҳое, ки дар оғӯши таърих бо як симои муқаддаси қадими барои наслҳои оянда ҷилвагар қарор гирифтаанд, танҳо ба хотири  майли нафсониву хаёлу гумонҳои беасос ба парокандагиву нобудӣ дода мешаванд.

Зери мудирияти ин маҳкамаи хаёлии золим чӣ басо ҳақиқатҳое рӯйпӯш шуданду ҳодисаҳое аз варақаҳои таърих маҳв гардиданд, бузургоне гумном шуданду бегуноҳоне ситам диданд.

Оё ин равияи навин ба нигориши таърихи паёмбарӣ ва тариқаи таҳлили он таъсире доштааст?

Бояд эътироф намуд, ки ин равияи навин дар таърихнигорӣ барои мактаби наве дар нигориши таърихи паёмбарӣ ва фаҳмиши он назди гурӯҳе аз муҳаққиқон асос гаштааст. Ин мактаб чӣ гуна падид омад? Омилҳои падид омадани он чист? Вазъи он имрӯз чӣ гуна аст?

Пайдоиши ин мактаб ба айёме бармегардад, ки Миср зери истилои Бритониё қарор дошт. Он замон тавре маълум аст, Миср минбари олами исломӣ ҳисобида мешуд, ки ҳар гаҳ шахс доир ба Ислом чизе донистан хоҳад, тафкиру хиради хеш сӯйи он мекард, чунон ки ҳар гаҳ ҳаҷ ё намоз хоҳад, рӯй сӯйи Каъбатуллоҳ меовард.

Аз як тараф ин овози баланд идома дошту аз тарафи дигар олами исломӣ аз он минбар илҳом мегирифт. Ин ҳамбастагӣ боис шуд, ки истилогар оромӣ ва истиқрор намеёфт. Ҳар қадар, ки Бритониё тамоми водиро бо зӯри оҳану оташ ба худ итоат мекунонид, эҳсос мекард, ки он муваққатӣ аст. Ӯ осуда набуд, модоме ки Азҳар ба ин ҳад сарварии зинда дошт.

Аз ин рӯ, Бритониёи истилогар баҳри рафъи ин вазъ ду роҳ дошт: яке қатъи алоқаи Азҳар бо уммат, то дигар фармонравоие болои онон надошта бошад ва дигаре роҳёбӣ ба маркази идораи роҳбарии Азҳар, то роҳбарияти онро ба самте равона созад, ки ба манфиати истилогар хидмат кунад ва барояш заминаи оромӣ ва истиқрорро муҳайё намояд.

Бритониё дар ихтиёри роҳи дуюм тараддуде накард, чунки он барои расидан ба мақсад наздиктар буду на ҳар кӣ аз он пай бурда бохабар мешуд1.

Акнун барои роҳ ёфтан ба самти роҳбарияти илмӣ ва фикрӣ дар дохили Азҳар роҳи ягона эътимод ба нуқтаи заъфи аламоваре буд, ки аз он ҳама уммати исломӣ бо шумули Миср ранҷ мекашид. Ин ҳамон эҳсоси гумномӣ, ақибмондагӣ ва парокандагие буд, ки мусулмонон дар муқоиса бо пешрафти шигифтоваре, ки олами Ғарб дар самтҳои гуногуни фикриву илмӣ ноил гаштааст, дар худ медиданд. Бешак, мусулмонон ба он рӯзе, ки аз ин бори гароне, ки боиси ақибмондагиашон шудааст, халос мешаванд, то ҳамроҳ бо дигарон дар ин масири тамаддуну пешрафт ва илми навин қадам зананд, бо дидаи умед менигаристанд.

Маҳз аз ҳамин роҳ васваса, на, балки макри истилогар ба дили бархе аз саромадони фикру андеша дар Миср ворид гардид. Мазмуну муҳтавои васваса чунин буд, ки Ғарб то замоне ки динро ба меъёрҳои илмӣ тобеъ нанамуд, аз банду баст раҳоӣ наёфт. Дин як чиз асту илм чизи дигар ва тавофуқ байни ин ду танҳо ҳамон дам сурат мегирад, ки аввалӣ тобеи дуюмӣ гардад. Пас агар олами исломӣ низ дар ҳақиқат ба чунин озодӣ ҳарис бошад, ногузир аст, ки ҳамин роҳро пеша кунад ва Исломро ба ҳамон тарзе фаҳмад, ки Ғарб онҷо насрониятро фаҳмида буд. Албатта, ин чиз танҳо бо роҳи халос шудани фикри исломӣ аз умури ғайбиест, ки ба фаҳмиш рост намеояд ва ба меъёрҳои илми навин ба ҳеҷ ваҷҳ намеғунҷад.

Дарҳол нафароне, ки чашмонашон ба намодҳои пешрафти навини аврупоӣ мафтун шуда буд, ба ин васваса шефта шуданд. Инҳо нафароне буданд, ки ҳақоиқи имон ба Худо дар дилашон ҷойи худро наёфта, ҳақоиқи илми навин ва қавоиди он низ ақлу хирадашонро мунаввар насохта буд. Онҳо ҳамдигарро ба озод шудан аз ҳар ақидаи ғайбие, ки илми навин онро кашф нокардаву бо роҳи таҷрибаву мушоҳидаи инсонӣ исбот нашудааст, мехонданд. Онҳо ба коре иқдом карданд, ки минбаъд “ислоҳоти динӣ” ном гирифт. Аз рӯйи тақозои он ба якчанд кори дигар даст заданд. Аз ҷумла, таҷдиди назар ба нигориши таърихи паёмбарӣ ва фаҳмиши он ва истифода аз услуби нав дар таҳлили он, ки ба мақсадашон мувофиқат мекард. Чун даст кашидан аз ҳар чӣ ба доираи ғайбиёт ва хориқаҳо рабт дорад, ки аз дарки илми навин берун аст, аз мароми онҳо буд.

Онҳо дар “равияи зотӣ”, ки зикраш дар боло гузашт, барои худ беҳтарин мададгоре ёфтанд, ки ононро дар ҷомаи амал пӯшидани ҳадафашон ба осонӣ мерасонад.

Ҳамин тавр, минбаъд китобу нигоштаҳо дар таърихи паёмбарӣ ба зуҳур омадан гирифт. Акнун меъёри нақлу санад ва қоидаҳои ҳадисгӯйиву шартҳои он ҷойи худро ба хулосабарориҳои шахсиву меъёри ризои нафсӣ ва услубе, ки танҳо ба низоми ғаразҳои ниҳонӣ ва равияҳои хушкардаи пинҳонии муаллиф итоат мекунад, холӣ карда буданд.

Бо такя ба ин услуб ин нависандагон аз таърихи Паёмбар (с) ҳар он чиро, ки бар одату воқеият мухолифат дошту ба доираи мӯъҷизоту хориқаҳо ворид мешуд, ба дур кардан шурӯъ намуданд. Акнун онҳо ба Он ҳазрат (с) сифати нобиғагӣ, бузургиву қаҳрамонӣ ва амсоли онро медодагӣ шуданд. Бо ин кор мехостанд хонандаро аз сифатҳое, ки ба ғайриоддӣ мисли нубуввату ваҳй ва рисолат мекашад, машғул созанд. Дар ҳоле ки ин гуна сифоти ба назари эшон ғайриоддӣ аз ҷумлаи асосиёти шахсияти Паёмбар (с) ба шумор мераванд.

Китоби “Зиндагонии Муҳаммад”-и Ҳусайн Ҳайкал аз боризтарин намунаҳои ин равия дар нигориши таърихи паёмбарӣ мебошад. Чун муаллифи он худ дар бораи ин равияи хеш сароҳатан ва бо фахр чунин мегӯяд: “Ман он чиро, ки китобҳои таърихи паёмбарӣ ва ҳадис нақл кардаанд, нагирифтам. Чун дар ин нигориш беҳтар донистам, ки бо услуби илмӣ равам”.

Намунаи дигари ин равияи навин дар нигориши таърихи паёмбарӣ ва фаҳмиши он силсиламақолаҳое мебошанд, ки марҳум Муҳаммад Фарид Ваҷдӣ дар маҷаллаи Нурулислом зери унвони “Таърихи муҳаммадӣ зери шуои илм ва фалсафа” ба табъ расонидааст. Ӯ дар баъзе аз он мақолаҳо чунин мегӯяд: “Бешак, хонандаи мо мушоҳида намуд, ки мо дар он чӣ аз таърихи паёмбарӣ менависем, ҳарис бар онем, ки ҳар ҳодисаро ба самти эъҷоз набарем, модоме ки имкони таҳлили он бо роҳҳои оддӣ вуҷуд дорад. Агарчи гоҳо ба андаке аз такаллуф низ даст задем…”.

Боз аз намунаи ин равия аст инчунин, он нигоштаҳои зиёде, ки аз тарафи гурӯҳе аз шарқшиносон дар доираи таълифоти таърихиашон, ки бар услуби равияи зотӣ, ки дар боло ба он ишора шуд, оид ба рӯзгори Ҳазрати Муҳаммад (с) падид омадааст.

Шумо мебинед, ки онҳо шахси Муҳаммад (с)-ро хеле боло бардошта, ба бузургиву сифоти ҳамидаи эшон ишораҳо мекунанд. Вале ҳаргиз он чиро, ки ба хонанда аз маънои паёмбарӣ ё ваҳй дар рӯзгори Он ҳазрат (с) дарак медиҳад, ёд намекунанд, ба санаду ривоятҳое, ки истифода аз он ногузир эшонро ба бовар кардан ба ҳодисаву воқеаҳое, ки исботи он ва ё эҳтимом ба он ба нафъи онон намебошад, эътиборе намедиҳанд.

Ҳамин тавр устодони ин мактаби нав дар пайравӣ аз “равияи зотӣ” дар нигориши таърих майдонро холӣ диданд ва пиндоштанд, ки метавонанд ҳар он чӣ аз ҳақоиқи таърихи паёмбарӣ барояшон писанд нест, бо вуҷуди он ки он бо далелҳои илму яқин тақвият ёфтааст, тарк намоянд. Онҳо аз майлу рағаботи нафсӣ ва ғаразҳои шахсии худ барои ҳақоиқи таърихӣ ва таҳлили омилҳои зуҳури он ҳокиме мутлақ сохтаанд ва баҳри пазируфтани он чӣ бояд пазируфта шавад ва рад кардани он чӣ бояд рад гардад, ҳакаме қарор додаанд.

Масалан, мебинем, ки ҳар он хориқае, ки ба нақли мутавотир омадаву шояд бо сареҳи Қуръон тақвият ёфтааст, агарчи бо такаллуф аст, аз ҷониби ин муҳаққиқон таъвил мешавад, то ин ки ба кори оддӣ ва табиӣ мувофиқат ёбад ва бо ғарази матлуб мутобиқат намояд.

“Тайри Абобил” бо вуҷуди далолати сареҳи оят, ба дарду вабои “ҷадрӣ” таъвил мешавад. Ҳодисаи Исро, ки дар Қуръон ба сароҳат баён шудааст, ба саёҳати рӯҳ дар олами хоб ва фариштагоне, ки Худованд бо ёрии онҳо ба мусулмонон дар ҷанги Бадр мадад намуд, ба дастгирии маънавие, ки Худованд онҳоро бо он икром кард, таъвил меёбад.

Яке аз мазҳакаҳои аҷибе, ки ба ҳамин минвол омадааст, тафсири нубувват дар зиндагонии Ҳазрати Муҳаммад (с), имон овардани саҳобагон ба эшон ва фатҳи исломӣ аст, ки ҳамаи онро шӯриши чапгароён бар зидди ростгароён номида, онро омилҳои иқтисодӣ ба хотири даст ёфтан ба рӯзӣ ва талаби тавсеа арзёбӣ кардаанд, ки гӯиё бар асари радди феъли бенавоён бар муқобили сарватмандон ва амлокдорон шарора гирифта бошад.

Баъдан, ин услуб дар омӯзиши таърихи паёмбарӣ хусусан, ва таърихи исломӣ умуман, доми хатарноке буд, ки аз дидани он чашмони аксари мусулмонони авом хирагӣ кард, дар ҳоле ки он аз тарафи гурӯҳе аз мунофиқону хаёлпарастон мавриди пазироиву қабули нек қарор гирифт.

Бешак, ин мардуми авом нафаҳмиданд, ки он васвасаи истеъморӣ, ки мусулмононро ба он чӣ онро инқилоби ислоҳотии масоили марбут ба ақидаи исломӣ ном карданд, мехонад, ҳадафи аслӣ аз он решакан намудани ин ақоид мебошад.

Ин мардум хабар надоранд, ки холӣ кардани Ислом аз ҳақиқатҳои ғайбӣ маънои ҷойи онро бо қаҳрамоноиҳое пур кардан аст, ки он дигар Исломро ба асари таърихӣ табдил медиҳад. Зеро масалан, ваҳй, ки сарчашмаи Ислом ва масдари асосии он аст, дар муқаддимаи хориқаҳо ва ҳақоиқи ғайбӣ қарор дорад. Бидуни шак нафаре, ки ба далели ба муқтазои қонунҳои табиат ва натиҷаҳои илми навин мухолифат накарданаш ҳар хориқаи дар таърихи паёмбарӣ омадаро қабул надорад, ба таври авло айнан, бо ҳамон сабаби табиӣ, падидаи ваҳйи илоҳиро бо он ҳама мутааллиқоташ аз ахбори ҳашру нашр, ҳисобу китоб, ҷаннату дӯзах ва ғайра инкор менамояд.

Инчунин ин мардон намедонанд, ки дине, ки худ бар сари худ салоҳу хайрият дорад, ҳеҷ гоҳ ба ислоҳгаре, ки кори ин динро ба сомон дарорад ва ё ба ислоҳоте, ки ҷавҳари онро дигаргун намояд, эҳтиёҷе надоштааст.

Ин мардум аз ин ҳама бехабар буданд. Агар аз ҳақиқати илм бархурдор мебуданду ба мантиқи он рафтор мекарданд, донистани ин умур барояшон аз соддатарин талаботи илм буд. Вале чашмонашон бар асари ба пешрафти навин ва шиору суханҳое, ки дар атрофи он давр мезад, мафтун шудан хира гашта буд. Дигар аз ҳақоиқи илму мантиқ танҳо сархату шиор медиданд. Дар ҳоле ки мебоист ба он чӣ дар паси он сархату унвонҳо ниҳон буд, дарак меёфтанду ба дарки дурусти мазмуну маонии он шиорҳо сарфаҳм мерафтанд. Вале дар сар танҳо хаёли пешрафти ислоҳотие мепарвариданд, ки ақидаи исломиро инкишоф диҳад, ҳамон гуна ки дар Ғарб ақидаи насронӣ таҳаввул пайдо карда буд.

Ҳамин тавр муттакои ин мактаби навине, ки ба таври мухтасар ба он ишора намудем, аз ҳақиқати илмии омӯхташудае, ки ақлро соҳиб шудааст, дида бештар ба ҳаяҷони нафсӣ наздик буд.

         1       انظر    مذكرات اللورد كرومر، والاتجاهات الوطنية     في الأدب الحديث للدكتور محمد محمد حسين

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *