Рубрики Хабарҳо

96%-и занони гирифтори ВИЧ аз шавҳаронашон сироят ёфтаанд

Таҳмина Ҳайдарова, сарвари Шабакаи тоҷикистонии занони гирифтори ВНМО (СПИД) гуфтааст, ки аз 3500 зани гирифтори ин вирус дар Тоҷикистон танҳо 3,5% ё ягон 110 нафараш занони танфурӯш буда, боқӣ занони соҳиби хонаву дари ҳалоланд, ки аз шавҳарони худ ба ин вируси кушанда гирифтор шудаанд.

Таҳмина Ҳайдарова, яке аз нахустин занони тоҷик, ки ба вируси норасоии масунияти бадан (ВНМО, ВИЧ) сироят ёфтанашро ошкор кард, дар мусоҳиба бо «Азия Плюс» як манбаи умдаи сирояти ВИЧ ном бурдани занони сабукпоро беасос хонда гуфтааст, ки манбаъи аслӣ мардонанд, ки вируси ВИЧ-ро аз муҳоҷирати меҳнатӣ «тӯҳфа» меоранд.

Ба гуфтаи ӯ аз тақрибан 3500 зани гирифтори ВНМО беш аз 96 дарсадашонро занони соҳиби хонаву дари ҳалол ташкил медиҳанд, ки бадбахтона, аз шавҳарони худ ба ин вирус гирифтор шудаанд. Таҳмина Ҳайдарова гуфтааст, худи ӯ ҳам дар вақташ аз шавҳараш, ки ҳам дар муҳоҷират қарор дошту ҳам мӯътоди тазриқии маводи мухаддир буд, ба вируси ВИЧ гирифтор шуда буд.

Ӯ яке аз аввалин бонувон дар Тоҷикистон аст, ки ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сироят ёфтанашро ошкоро баён кардааст. Сарфи назар аз мавҷудияти доғгузорӣ ва табъиз дар ҷомеа, аз гуфтани мушкилоти занони сироятёфта намеҳаросад ва барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо талош мекунад.

Таҳмина Ҳайдарова, сарвари Шабакаи тоҷикистонии занони гирифтори ВНМО зимни мусоҳиба дар лоиҳаи “В чем сила, сестра?” (Тавоноӣ дар чист, хоҳар?) дар бораи мушкилоти бонувони сироятёфта нақл кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *