Рубрики Хабарҳо

Либия: Қарори парлумони Миср ҳамчун эълони ҷанг аст

 Вазири дохилии кишвари Либия қарори парлумони Миср оиди фиристодани нерӯҳои низомии ин кишвар ба Либияро «Эълони ҷанг бар зидди Триполӣ» унвон кард.

 Фатҳӣ Бошоғо, Вазири дохиллии кишвари Либия тайи як паём дар саҳифаи твитери худ таъкид кард: «Қарори парлумони Миср оиди фиристодани нерӯҳои низомӣ ба хориҷ аз марзҳои ғарби ин кишвар, ки дирӯз қабул шуд, ба унвони эълони ҷанг алайҳи Либия ва поймол кардани қарордодҳои Иттиҳодияи Араб ва Созмони Милали Муттаҳид аст.

 Вай ҳамчунин таъкид кард: «Як нерӯи хориҷӣ дар дохили марзҳои моро ба унвони нерӯи душман дар назар мегирем. Эълон мекунем, ки ҷиҳати дифоъ аз ҳокимият, амният ва озодии мардумамон ҳеҷ тарсе надорем.»

 Гуфтанист, викилони парлумони Миср дирӯз лоиҳаи додани салоҳият ба Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷмҳури ин кишвар «Барои гирифтани тадбирҳои лозим ҷиҳати таъмини амнияти миллии Миср ва анҷоми мудохилаи низомӣ дар Либия» — ро қабул карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *