Ошкоршавии нав ва густардаи ҳуҷҷатҳои молиявӣ дар офшорҳо бори дигар ин мавзӯъро дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор додааст. Беш аз сад расонаи маъруфи ҷаҳон ба таҳқиқи ин мавзӯъ ва ошкорсозии дорандагони ҳисобҳои офшорӣ пардохтаанд.
Ҳанӯз ин ҳуҷҷатҳо расонаӣ нашуда, танҳо қисмати хеле маҳдуди он ба баҳс кашида шудааст. Ҳаҷми ин ҳуҷҷатҳо ҳам такондиҳанда аст: 13,4 миллион. Қисмати бузурги ин ҳуҷҷатҳо аз ширкати Appleby, ки дар Бермуд ба қайд гирифта шуда, ба нухбагони бизнеси оффшорӣ хидмати ҳуқуқӣ мекунад, берун таровидааст.
Ифшо шудани ин ҳуҷҷатҳо боис шудааст расонаҳо ва коршиносони молияву иқтисод бори дигар ба мавзӯъи пулу бизнесҳои офшорӣ пардозанд. Ҳаҷми пулҳое, ки дар офшорҳо нигоҳ дошта мешаванд тибқи ҳисоботи имсол нашршуда, 7,8 триллион доллар аст, ки ба 10 дарсади маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ ё ММД-и Бритониё, Ҷопон ва Фаронса дар якҷоягӣ баробар аст. 80 дарсади дороиҳои офшорӣ ба 0,1 дарсади сокинони сайёра ва 50 дарсади он ба 0,01 дарсад тааллуқ дорад.
Албатта ҳамаи пулҳое, ки дар офшорҳо нигоҳ дошта мешаванд, ғайриқонунӣ набуда, баръакс тибқи гуфтаи коршиносон бештари онро пулҳои қонунӣ ташкил медиҳанд, ки танҳо ба хотири камтар будани андоз ба минтақаҳои офшорӣ бурда шудаанд. Бештари пулҳои ғайриқонунии мавҷуд дар ширкатҳои офшориро пулҳои нухбагони сиёсии кишварҳои тоталитарие мисли Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин пулҳо бештар аз ғорати сарватҳои кишварашон аз тарафи ҳукуматдорон ба даст омадааст, ки барои пинҳон доштан аз мардум ба офшорҳо интиқол дода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол баҳсҳо дар расонаҳо на аз пулҳои ғайриконунии диктотурҳо, балки аз пулҳои қонунӣ ва ё шубҳанок доғ шудааст. Ба таври мисол, яке аз мавзӯъҳое, ки тамоми расонаҳои ҷаҳон ба он пардохтаанд, баҳси пулҳои маликаи Бритониё Элизаветаи II аст, ки дар ҳаҷми 13 миллион ё ду дарсади боигарии умумии ӯ, дар ширкатҳои офшорӣ нигоҳ дошта мешудаанд. Касе то ҳол дар қонунӣ будани ин пулҳо шубҳа накардааст. Эътирози коршиносону расонаҳо танҳо бар ин аст, ки чаро ӯ пулҳояшро дар ширкатҳои офшорӣ гузоштааст, ки ба шаъни малика рост намеояд.
Мавзӯъи доғи дигар ошкор шудани саҳмияҳои Уилбур Росс, вазири савдои ҳукумати Трамп аст, ки дар ширкати нафткашоне онро ҳифз кардааст. Ин ширкат аз иҷрои фармоишҳои ширкати нафтии русии “Сибур”, ки саҳҳомонаш домод ва ду нафар аз наздикони Владимир Путин ҳастанд, миллионҳо доллар фоида ба даст меорад. Ошкор шудани ин ҳуҷҷатҳо аз нав баҳси ҳамкории Трамп бо Русияро дар интихоботи президентиаш ба майдон кашидааст.
Дар ҳамин ҳол, на дар расонаҳои худи кишварҳои тоталитарӣ ва на дар расонаҳои бузурги ҷаҳон дороии диктотурҳо ба баҳс кашида намешавад. Агар хомӯшии расонаҳои маҳаллӣ ба фишор бар озодиии сухан дар ин кишварҳо рабт дода шавад, хомӯшии расонаҳои ҷаҳонӣ, ба хусус онҳое, ки дар ин кишварҳо амал мекунанду намояндагӣ доранд, тааҷҷубовар аст. Барои мисол сомонаи “Озодӣ”-ро мешавад мисол зад, ки бо вуҷуди доштани имкниятҳои зиёд, ҳеҷ тадқиқоте аз дороиҳои ҳукумтдорони тоҷик дар офшорҳо намебарад. Дар ҳоле, ки тибқи тахмини коршиносон ҳаҷми ин маблағҳо ба даҳҳо миллиард доллар мерасад.
Соли гузашта ҳам мисли ин ҳодиса, 11 миллион ҳуҷҷатҳо бо номи рамзии “Ҳуҷҷатҳои Панама” ошкор шуда буданд, ки боиси тағйироти чашмрасе дар қонунгузории молиявии кишварҳо ва ҳатто тағйироти сиёсӣ шуданд. “Ҳуҷҷатҳои Панама” боиси ба истеъфо рафтани сарвазири Исландия Сигмундур Гуннлаугссон бинобар доштани ҳисоби офшорӣ гардид. Додгоҳи олии Покистон сарвазири ин кишвар Навоз Шарифро ба истеъфо фиристод.
Вале ҳамаи ин тағйиротҳо дар кишварҳои демократӣ ва озод ба вуҷуд омаданд. Кишварҳои тоталитарӣ ифшои ин ҳуҷҷатҳоро ё фитнаандозӣ номиданд ва ё ҳеҷ вокунише ба он нишон надоданд.