“Ӯзбекэнерго” аз баитмомрасии омодасозии панҷ хати интиқоли барқ дар Ӯзбекситон барои пайвастан ба системаи энергетикии Тоҷикистон хабар дод.
“Мо ба ҳамкорони тоҷики худ хабар додем, ки тайёрем дар дилхоҳ шакл ҳамкориро ба роҳ монем ва пайвастшавиро анҷом диҳем. Мо мунтазири посухи онҳо ҳастем ва ба гомҳои оянда тайёрем” — гуфтааст сардори Раёсати рушди стратегии «Ӯзбекэнерго» Исо Саъдулоев.
Тибқи гуфтаи Саъдуллоев то имрӯз 4 хати шиддаташ 220 кВ ва як хати шиддаташ 500 кВ барои пайваст кардани низоми энергетикии ду ҳамсоякишвар омода шудааст.
“Барои таъмини кори эътимодноки шабака ва пешгирии садамаҳо дар он, бояд тарҳи ҳимоя ва автоматикунии он омода карда шавад. Ин кор ба дӯши ҷониби Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар айни замон онҳо ба ин тарҳ машғуланд ва то ҷое, ки ман медонам, бо “Росатом” ва “Энергосетпроэкт” гуфтугӯҳо дар ин самт сурат гирифтаанд. Ҳамин ки тарҳ омода шуд, мутахассисон онро дар зеристгоҳҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон амалӣ мекунанд ва баъди он шабакаи энергетикии ҳарду кишвар метавонад мутавозин кор кунад” — гуфтааст Исо Саъдуллоев.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон ҳам аз эҳтимоли барқарорсозии шабакаи минтақавӣ хабар дода буданд.