Рубрики Хабарҳо

Ҳисобҳои мақомҳои боздоштшуда дар Арабистони Саъудӣ масдуд шуданд

Арабистони Саъудӣ эълом кард, ҳисобҳои бонкии мутааллиқ ба афрод ва ширкатҳо дар ин кишварро дар чорчӯби маъмурияти кумитаи мавсум ба мубориза бо фасод масдуд карда, аммо фаъолият рӯзмарраи онҳо идома хоҳад ёфт.

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саъудӣ «SPA», боздоштҳои ахири мақомот ва шоҳзодагони ин кишвар ба иттиҳоми фасоди молӣ имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои умури иқтисод ва тавсеа дар кохи Ямомаи Риёз, ки ба раёсати Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд ва вазири дифоъ баргузор шуд, маврид баррасӣ қарор гирифт.

Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад бин Салмон ба вузарои зирабт дастур дода то аз ҳуқуқи ширкат ва воҳидҳои иҷрои фаъолиятҳои иқтисодӣ, проектҳо, умури молӣ ва идории ширкатҳои зирабт ҳифозат ва ҳимоят кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки кумитаи ҷадиди мубориза бо фасод дар Арабистони Саъудӣ, ки шанбешаб ба фармони Салмон бин Абдулазиз, подшоҳ ва ба раёсати писараш Муҳаммад Салмон, валиаҳди ин кишвар ташкил шуд, 11 нафар аз шоҳзодагон ва беш аз 30 тан аз вазирон ва мақомоти феълӣ ва собиқи ин кишварро ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *