Беш аз нисфи ҳаҷми умумии содироти маводи нассоҷӣ дар Тоҷикистон ба пахтаи хом рост меояд
Ҳамзамон, ҳаҷми содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда дар моҳи январи соли 2023, 35,4 фоиз коҳиш ёфт.
Маълумоти омории содироти ин маҳсулот нишон медиҳад, ки 55,3 дарсади ин маблағ ба фурӯши нахи хоми пахта ба хориҷи кишвар рост меояд.
Бино ба омоо, дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ аз онҳо 17 миллиону 996 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 35,4% камтар аст.
9 миллиону 958,3 ҳазор доллари ин маблағро даромад аз фурӯши нахи пахта бо коҳиши 54,7% ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ аз онҳо дар ин давра беш аз 8,2 миллион долларро ташкил додааст, вале воридоти маҳсулоти тайёри нассоҷӣ бо арзиши баланди изофӣ сурат мегирад.