Рубрики Хабарҳо

Насби дурбинҳо барои шинохти ҷинояткорон

Қарор аст ба зудӣ дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ҳадди ақал Душанбе ва Хуҷанд дурбинҳои назоратии сохти кишвари Чин насб шаванд, то ашхоси дар кофтукоби ҷиноӣ бударо таҳти назорат бигиранд.

Фурқатшоҳ Мардонов мудири маркази «Шаҳри бехатар»-и шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дода гуфтааст, ин фанноварӣ тавлиди ширкати чинии Ҳуавей аст, ки аз он барои шиносоии ашхоси гумшуда ҳамчунин пешгирӣ аз ҷурму ҷиноят истифода мешавад.

Гуфта мешавад ин фанноварӣ дарҳол ҳувияти ашхоси ҳозир дар маҳалли диди дурбинҳоро мушахас ва ба маркази «Шаҳри бехатар» интиқол медиҳад.

Бар асоси тарҳи нав, дурбинҳои чинӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои қатор, терминалҳои мусофирбарӣ, паркҳо, бозорҳо ва маконҳои умумӣ насб хоҳад шуд.

Ба ин тартиб бо роҳандозии ин фанноварӣ  ҷомеаи Тоҷикистонро Чин бештар зери назорати худ хоҳад даровард.

Чин дар ҳоли ҳозир аслитарин шарики тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *