Як додгоҳи федеролӣ дар Вашингтон Эронро ба иттиҳомӣ даст доштан дар инфиҷорӣ Бурҷ-ул-хабар дар Арабистони саудӣ ба пардохти 879 миллион доллар маҳкум кард.
Додситони ширкати ҳуқуқии MM~LAW LLC рӯзи чаҳоршанбе, 8 июл бо эъломи ин хабар гуфт, ки бино ба ҳукми додгоҳ, Эрон дар инфиҷори соли 1996 мелодӣ дар Арабистони саудӣ муқассир ва масъул шинохта шудааст.
Даъвогарони ин парванда 14 тан аз пиринили нирӯи ҳавоии Иёлот муттаҳида, ки дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуда буданд ва 21 нафар аз аъзои хонавода қурбониёни ин инфиҷор ҳастанд. Онҳо дар ин парванда аз Ҷумҳурии исломии Эрон, Сипоҳи посдорон ва вазорати иттилооти Эрон шикоят карда буданд.
Бино бар эъломи додгоҳ, нируҳои Ҳизбуллоҳ дар 25 июни соли 1996-и мелодӣ ба дастури Эрон ва дар як иқдоми террористӣ, як комюни ҳовии беш аз 2 ҳазор килограмм маводи мунфаҷираро муқобили Бурҷ-ул-хабар дар шаҳри Ал-Заҳрон, ки маҳалли сукунати низомиёни амрикаӣ будааст, мунфаҷир кардаанд.
Дар асари ин инфиҷор 19 низомии амрикоӣ кушта ва беш аз 400 нафари дигар захмӣ шуданд. Аз он амалиёти террористӣ таҳти унвони “Инфиҷори Бурҷ-ул-хабар” ёд мешавад.
Додгоҳ мегӯяд, ки аз 879 миллион долларе, ки Эрон муваззаф ба пардохти он аст, 132 миллион доллар ба унвони ғаромат ба даъвогарон пардохт хоҳад шуд.