Вазири корҳои хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зарифро на танҳо сард қабул кардаанд, балки сардтар аз он гуселониданд.
Тибқи иттилои манбаъи “Паём” вазири корҳои хориҷаи Эронро аз терминали кӯҳна, ки алъон танҳо барои хатсайрҳои дохилӣ истифода мешаванд, гусел кардаанд.
Гузашта аз ин, дар гусели Зариф ҳеҷ нафаре аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳузур надоштаанд. Ҳади ақал манбаи мо, ки дар фурӯдгоҳ кор мекунаду аксари дипломатҳоро мешиносад, ҳеҷ нафар аз онҳое, ки ба гусели вазири корҳои хориҷии Эрон омадаанд, нашинохтааст.
Дар ҳамин ҳол пешвоз ва қабули Муҳаммадҷавод Зариф ҳам чунон ки ба вазири як кишвари дӯст боястӣ, набуд. Дар вохӯрии ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ масаъалаи қобили таваҷҷӯҳе баррасӣ нашуд ва аз чеҳраи раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дида мешуд, чандон аз дидани Зариф хушҳол нест.
Расонаҳои давлатӣ ҳам сафари Зарифро бозтоби чандоне надоданд ва бо хабрҳои кӯтоҳе иктифо карданд.
Як нуқтаи муҳими сафари Зариф ширкати раҳбари КДАМ Саймӯъмин Ятимов дар вохӯрии ӯ бо ҳамтои тоҷикияш буд, ки аз назари таҳлилгарон пинҳон монд. Дар наздиктарин фурсат “Паём” назари коршиносон дар ин масъаларо дарёфт ва нашр хоҳад кард.
Терминали кӯҳнаи фурӯдгоҳи Душанбе
Терминали нав