Рубрики Хабарҳо

Вазъияти вахими саломатии Махдуми Абдусаттор дар зиндон

Зиндонбонҳои тоҷик то кунун ба зану фарзандони Махдуми Абдусатторо иҷозат надодаанд, ки барои аёдати ӯ вориди зиндон шаванд. Манобеи Паём аз мақомоти адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ки Махдуми Абдусаттор бо гузашти се рӯз аз пушти сар кардани як «сактаи мағзӣ» ҳамоно вазъияти саломатиаш дар Муассисаи ислоҳи ҷазои рақаи 3 (маъруф ба кирпичный)  вазнин арзёбӣ мешавад, аммо масъулини зиндон ба наздикону пайвандони ӯ иҷозат намедиҳанд, ки барои дидорбинии вай ба ходили зиндон бираванд. Пеш аз ин Паём.нет дар истинод ба мақомоти адлияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки тайи ҳафтаи гузашта яку якбора вазъи саломатии Саттор Каримов Самадович, маъруф ба Махдуми Абдусаттор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Муассисаи ислоҳи ҷазоии рақами 3 (кирпичный) вахим гардида, бино бар фишори баланди хун як «сактаи мағзӣ»-еро пушти сар кардааст. Манбаъ меафзояд, замоне ки фишори хунаш аз ҳад зиёд баланд шуд, масъулини зиндон дар ибтидо ба вай таваҷҷуҳ накарданд, вақте аз по афтод табиби зиндонро даъват карданд, ки акнун дер шуда буд ва Махдуми Абдусаттор  дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки масъулини ин муассиса то кунун хонавода ва пайвандони Махдуми Абдусатторро аз бад шудани вазъи саломатии ӯ огоҳ накардаанд ва ҳатто зану фарзандонаш ҳам аз ин бемории вай хабар надоранд. Қобили зикр аст, ки дар сабти яке аз мурофиъаҳои маҳбусони сиёсии ҲНИТ, худи Махдуми Абдусаттор дар толори додгоҳ иқрор мекунад, ки ӯ ва ҳамсафонашро дар зиндон шиканҷа ва мавриди лату кӯб қарор додаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар зиндон имкон ва шароити дармони чунин бемориҳо вуҷуд надорад, то кунун ба наздикони ӯ на иҷозати дидорбинӣ фароҳам шудааст ва на худи Махдуми Абдусатторо барои дармон ба беморхонае интиқол додаанд? Ҳуқуқшиносон мегӯянд, адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба хотири ислоҳ шудани инсонҳо маҳкум мешаванд. Аз баски дар зиндонҳои ҷумҳурӣ шароити парасторӣ, нигоҳу бин ва зери назорати бардавом аз тарафи духтурони касбӣ вуҷуд надорад, дар чунин ҳолату вазъият бо риъоияти арзишҳои инсонӣ ҳукмҳои қаблан содир шуда, тағйир ёфта, зиндониҳои бемор ё ба бемористонҳои махсус ва ё бояд ба дасти ворисонашон супорида шаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *