Савдои хориҷии Тоҷикистондар соли 2017 1,1 дарсад афзоиш ёфта, 3 миллиарду 973 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора агентии омори назди расиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Соли гузашта Тоҷикистон бо 109 кишвари ҷаҳон муносибати тиҷорӣ доштааст, ки бахши аъзами ин тиҷорат бо Русия ва Қазоқистон сурат гирифтааст.
Аз се миллиарду 973 миллион доллар 2 миллиарду 775 миллионаш воридоти амвол ба кишвар аст, ки нисбат ба соли гузашта 8,5% ё 256,3 миллион доллар камтар аст. Ба ҳисоби моҳона воридот 231 миллион доллар дар моҳро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол содирот якбора 33,3 дарсад ё 299 миллион доллар нисбат ба соли гузашта бештар аст. Вале тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ афзоиши содирот асосан аз ҳисоби маҳсулоти хоми коркардношуда сурат гирифтааст.
Наздик ба 25 дарсади савдои берунаи Тоҷикистон бо Русия аст, ки дар шакли пулӣ 936 миллион долларро ташкил дод. Вале соли гузашта гардиши молӣ байни Тоҷикистону Русия наздик ба 10 дарсад камтар шуд.
Қазоқистон дуввумин шарики тиҷории Тоҷикистон аст, ки ҳаҷси савдо бо ин кишвар соли гузашта 24 дарсад афзоиш ёфта ба 838 миллион доллар расид.
Дар ҳамин ҳол додугирифт бо якеи дигар аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон — Чин бо шиддат коҳиш ёфт. Ин коҳиш 33 дарсадро ташкил додааст, ки дар натиҷа савдо бо Чин 591 миллион долларро дар бар гирифт.
Беҳтаршавии муносиботи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон таъсирашро ба савдои байни ду кишвар ҳам расонид, ки дар натиҷа он 82 дарсад афзоиш ёфта ба 126 миллион доллар расид.