Илҳомҷон Ёқубов, зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ 15-уми ноябри соли 1978 дар вилояти собиқ Ленинобод (алҳол Суғд) дар хонаводаи аҳли зиё ба дунё омадаст. Вай таҳсилоти миёнаи умумиро дар зодгоҳаш касб карда, соли 1995 мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст. Илҳомҷон Ёқубов баъд аз хатми мактаби миёна дар соли 1995 ба Донишгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хучанд дохил шуда, онро бо ихтисоси иқтисодчӣ дар соли 2000 хатм менамояд. Аз соли 1997 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда соҳиби маълумоти олии варзиши низ мебошад. Аз соли 2003 узви ҲНИТ ва соли 2013 – 2015 раҳбари ҳизб дар вилояти Сугд буд. Ӯ ҳамчун варзишкори тавонманд, тоҷири муваффақ ва фаъоли Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ободии кишвар саҳимгузор будааст. Дар давоми солҳои 1995-2004 чандин маротиба чемпиони мусобиқаҳои байналмиллалӣ, спартакиада ва ҷумҳуриявӣ ширкар кардааст. Соли 2008 ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шудааст. Номзадии ӯ дар раванди интихоботҳои маҳаллӣ ва ҷумҳурияӣ дар Тоҷикистон чандин маротиба ба маҷлиси намояндагон ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ шудааст. Моҳи июни соли 2015 аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) дар вилояти Суғд боздошт ва тӯли се рӯз мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор гирифт. Ин боздошт ва дигар таҳдиду таъқибҳои мақомоти қудратӣ боис шуд, ки ӯ худи ҳамон сол аз кишварро тарк кунад. Аврупо паноҳанда шудаасст. Илҳомҷон Ёкубов, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, дар ҳоли ҳозир масъули Департаменти ҳуқуқ ва муҳоҷирати ин ҳизб дар Аврупо мебошанд. Оиладор, соҳиби як фарзанд аст. Зодрӯз муборак!
Рубрики
Хабарҳо