Муовини сиёсии дафтари раисҷумҳури Эрон хабар дода, ки дар сафари Иброҳим Раисӣ ба Чин қарордоди баҳсангези тавофуқи ҷомеъи 25-солаи Эрону Чин “амалиётӣ” хоҳад шуд.
Муҳаммад Ҷамшедӣ, муовини сиёсии дафтари Иброҳим Раисӣ ба телевизиони Эрон гуфтааст, ки ба даъвати расмии Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, Раисӣ қарор аст имрӯз душанбе барои як дидори се рӯза озими Пекин шавад.
Си Ҷинпин дар ҳоле ҳамтои эронии худро ба Пекин даъват карда, ки аввали декабри соли гузашта ӯ дар сафар ба минтақа, бар хилофи сафари мушобеҳи қаблиаш дар соли 2016, ба Эрон нарафт ва ошкоро хоҳони “густариши равобит” бо Арабистон шуд. Баёнияи ӯ барои таъкид бар ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва ҳамчунин ҳалу фасли ихтилофҳои Теҳрон ва Амороти муттаҳидаи арабӣ бар сари ҷазоири сегона, боиси интиқоди мақомҳои Эрон шуд. Ин ихтилоф ояндаи тавофуқи 25 соларо зери суол бурд.
Тавофуқномаи барномаи ҳамкории ҷомеъи Эрон ва Чин маъруф ба тавофуқи 25 сола аз замони матраҳ шудан дар расонаҳо, боиси интиқодҳои густурдаи фаъолони маданӣ ва чеҳраҳои сиёсӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд, ки ин тавофуқро дар заминаи додани имтиёзҳои густурда ба Чин бо қарордод Туркманҷой муқоиса кардаанд.
Моҳи апрели соли 2021 Ванг Ай, вазири хориҷаи Чин ва Муҳаммадҷавод Зариф вазири хориҷаи Эрон тавофуқномаро дар Теҳрон имзо карданд. Январи соли 2022 дар сафари Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён, вазири хориҷаи давлати Иброҳим Раисӣ ба Чин, эълом шуд, ки марҳалаи иҷрои тафоҳуми ҳамкорӣ оғоз шудааст.
Аммо мароҳили иҷрои тавофуқ бо суръате, ки пешбинӣ мешуд пеш нарафт.
Муҳаммад Ҷамшедӣ, муовини сиёсии дафтари Иброҳим Раисӣ, дар мусоҳибае ба шабакаи хабари телевизиони Эрон гуфтааст дар ибтидои кори давлати феълӣ ин тавофуқи ҷомеъ “фақат рӯй коғаз буд” аммо дар давлати Раисӣ механизми амалии иҷроии он таҳия шудааст.
Ба гуфтаи Ҷамшедӣ, дар сафари ду моҳи пеши муовини нахуствазири Чин ба Эрон музокироти “ҷиддӣ” барои иҷрои тавофуқнома анҷом шуда ва акнун омодаи иҷро аст.
Пештар Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷа ҳам дар бораи он сафар гуфта буд, ки тавофуқҳои 16-гонае дар ин робита анҷом шудааст. Ҷузъиёти ин тавофуқ ва тааҳҳудоти ду тараф ҳанӯз ба таври шаффоф эълом нашудааст.
Қарор аст дар сафари имрӯз, душанбеи Иброҳим Раисӣ, вузарои хориҷа, иқтисод, санъат, маъдан ва тиҷорат роҳи ӯро ҳамроҳӣ кунанд.
Мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ мегӯянд бар мабнои ин санад, Чин қарор аст “400 миллиард доллар” сармоягузорӣ дар зерсохтҳо анҷом диҳад.
Аммо рӯзномаи “Шарқ” чанде пеш аз коҳиши сармоягузории Чин дар Эрон хабар дод. Ин рӯзнома дар гузорише навишта буд, ки “чиниҳо аз сармоягузорӣ дар Эрон” рӯ мегардонанд.
Бар асоси омори Созмони сармоягузорӣ ва кумакҳои иқтисодӣ ва фаннӣ, чиниҳо дар ду соли гузашта ҳудуди 227 миллион доллар дар Эрон сармоягузорӣ карда буданд, ки ин рақам ҳоло ба ҳудуди 185 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Алӣ Фикрӣ, муовини вазири иқтисоди Эрон ба мушкилоте ишора карда, ки “дар солҳои гузашта эҷод шуда” ва равобити тиҷории ду кишварро коҳиш додааст. Ў гуфта ҳадафи Эрон он аст, ки равобит ба “ҳаҷми собиқи қабл аз Барҷом” ва мубодилоти солона 45 миллиард долларӣ бозгардад ва “чиниҳо дубора ба ҳавзаҳои сармоягузорӣ дар Эрон баргарданд.”