Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ дар баробари доллари амрикоиро боло бурд. Шаби гузашта қурби доллар нисбати сомонӣ якбора 27 дирам боло рафт.
Дирӯз 19-уми август бонкҳо ба ивази як доллар 9 сомониву 43 дирам медоданд, аммо имрӯз онҳо 1 доллари амрикоиро аллакай ба 9 сомониву 70 дирам мехаранд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ сабаби ин тасмимашро чунин шарҳ додааст:
“Айни замон, бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин боиси ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад”.
Бонки миллӣ гуфта, ин тасмим ба он ба хотири аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣгирифта шудааст.
“Фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ, зарур аст. Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад”,-омадааст дар шарҳи Бонки миллӣ.
Бонкҳои Тоҷикистон ҳам аз субҳи имрӯз қимати хариди 1 долларро 9 сомониву 70 дирам муқаррар шудааст.