Рубрики Хабарҳо

28 мактуби зафарободиҳо ба раисҷумҳур

Сокинони ҷамоати Равшани ноҳияи Зафаробод дар арафаи боздиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия, ки қарор аст, рӯзи 22 август сурат бигирад, бо як номаи дастаҷамъӣ ба президент муроҷиат кардаанд.

Онҳо менависанд, ки ин алакай муроҷиати 28-уми онҳо ба мақомот, аз ҷумла ба президент аст, вале мутаассифона, мушкили онҳо ҳал нашуд ва муроҷиаташонро то ба Эмомалӣ Раҳмон нарасонданд.

Сокинон менависанд, бо онки Зафаробод яке аз бузургтарин ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон аст, 9415 гектари замини деҳқонӣ дар ҷамоати Равшан аз камбуди об танқисӣ мекашад ва ин боис шудааст, ки ҳосили заминҳои деҳқонӣ сол то сол кам шуда, сатҳи зиндагии мардуми деҳқон сол аз сол паст равад.

Сокинон ҳамчунин шикоят доранд, ки бо вуҷуди мушкилот ниҳодҳои андоз бо санҷишҳои камералӣ хоҷагиҳои деҳқониро маҷбур мекунанд, ки даромади худро аз будаш зиёдтар нишон диҳанд. Шарҳи муфассал дар ин бора, дар барномаи хабарӣ таҳлилии паёмнюз шоми имрӯз дар канали ютубии Паём тв пешкашатон мегардад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *