Тули чанд рӯз аст, расонаҳо дар бораи қарори мақомоти қазоии Русия нисбати истирдод шудани як сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Тоҷикистон Илҳом Холов ҳарф мезананд.
Илҳом Холовро мақомоти Тоҷикистон ба узвият дар “Гурӯҳи 24” муттаҳам карда, аз Русия талаби истирдодашро кардаанд. Айни ҳол тавре Ирина Соколова, вакили дифои Илҳом Холов ба расонаҳо гуфтааст, тақрибан масъалаи истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон ниҳоӣ шудааст ва чанд зинаи додгоҳӣ қарори истирдодашро содир кардаанд. Ягона умед ин муроҷиат ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон мондааст.
Дар ҳоле мақомоти Тоҷикистон Илҳом Холовро ба узвият дар Гурӯҳи 24 мутаҳам мекунанд, ки худи ин иттиҳомро рад мекунад. Ба гуфти худи ӯ танҳо як маротиба дар канали зелло аз ҳукумати Тоҷикистон ва раисҷумҳури ин кишвар танқид кардааст.
Бар замми ин санаи 16 август гурӯҳи 24 дар сомонаи расмиаш узвияти Холов дар ин гурӯҳро рад кард. Аммо гуфта шудааст, ин гурӯҳ нисбати қазияи Илҳом Холов бетараф намебошад. Аз мақомоти Русия дар ин баёния талаб карда шудааст, ки бо ба инобат гирифтани шароити сиёсии Тоҷикистон ӯро озод кунанд.
Илҳом Холов, ҳашт сол пеш бо аҳли оилааш ба Русия кӯчида, аз мақомоти кор бо муҳоҷирати Русия муҷаввизи иқомаи доимӣ ба даст оварда буданд. Аммо соли 2018 тибқи як дастури махфии мақомоти амниятии Русия ФСБ аз ҳаққи иқомат дар Русия марум кардан. Вале ҳамоно ҳамсару фарзандонаш шаҳрванди Русия мебошанд.
Коршиносон мегӯянд, дар ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳарду кишвар ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия ягон принсипҳои гуманистӣ ба инобат гирифта нашудааст ва танҳо кӯшиш ба ин шудааст, ки бо чунин амалҳои тарсдиҳӣ ба забони озодандешон ва ҳақталабон қулф зада шавад. Муфассал дар ин бора шоми имрӯз барномаи таҳлилӣ хабарии Паёмнюзро дар канали ютубии мо Паём тв тамошо кунед.