Рубрики Хабарҳо

RWB хостори озодии рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик шуд

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) фишори бардавом алайҳи рузноманигорон дар Тоҷикистонро маҳкум карда хоҳони раҳоии рузноманигорони зиндонӣ шуд.

Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри эъломияе дар санаи  29-уми декабри соли 2022 гуфтанд, рузноманигорони зиндонишудаи тоҷик ба нашру пахши мавъзуҳои «ҳассос» ба нафъи мардум, аммо боиси нороҳатии мансабдорон машғул буданд.

Муаллифони эъломия гуфтаанд «Ин ҳукмҳои сангин аз оғози моҳи октябр пайиҳам эълон шуда, барои рӯзноманигорони мустақил дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҷуръати баёни андешаи худро доранд, таҳдид ба шумор меравад.»

Гузоришгарон ёдовар шудаанд, ки камаш се хабарнигори зиндонӣ дар номаҳое аз бозоштгоҳ гуфтанд, зери фишори мақомот баёнот доданд ва гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтанд.

Дар эъломия омадааст,  «шиканҷа, иттиҳоми вобаста ба терроризм, иқрори маҷбурӣ ба гуноҳ ва мурофиаҳои паси дарҳои баста аз усулҳои саркӯбгароёнаи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои хомӯш кардани ҳамагуна садои танқидӣ аст.» Созмон аз намояндагони ҳукумати Тоҷикистон хостааст, «аз нигоҳ доштани фазои тарс» даст кашанд.

Гуфтанист, Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодии матбуот дар соли 2022, миёни 180 кишвар дар ҷойи 152-юм аст. Ҷойгоҳе, ки аз соли 2015-ум даҳҳо зина поин рафтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *