Рубрики Хабарҳо

Ширкати Кабирӣ дар конфронси байналмиллалии СММ

18 ва 19 феврал дар бинои марказии Созмони милали муттаҳид дар Женева конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯъи ” Ҳимояти ҷавонон аз андешаҳои ифротӣ ва хушунатовар” баргузор гардид. 

Дар ин нишаст Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба намояндагӣ аз созмонҳои ҷамьиятии муҳоҷирини тоҷик дар  Аврупо ширкат намуд. 

Конфронси мазкур бо ҳамкории муштараки Лигаи Ҷахонии Мусалмонон ва СММ даьват шуд. Қобили зикр аст, ки дар кори ин конфронс намояндагони тамоми динҳои иброҳимӣ ширкат намуда, роҳҳоои пешгирии ифротгароӣ байни ҷавононро муштаракан баҳс намуданд.

Масъалаи ифротгароӣ байни муҳоҷирин дар Аврупо  яке аз мавзӯъҳои аслии ин нишаст буд. Ҳиҷрати тоҷикон ба Аврупо таҷрибаи нисбатан нав буда, пешгирӣ аз тамоюли муҳоҷирини тоҷик ба андешаҳои ифротӣ яке аз вазифаҳои аслии созмонҳои ҷамъиятии муҳоҷирин ба ҳисоб меравад.  

Дар ҳошияи конфронс мулоқот ва дидорҳои мутаъаддиди раҳбари ПМТ бо ҳайатҳо ва меҳмонон сурат гирифт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *