Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров – ягона ҳизби ғайрикисагӣ дар кишвар, аз монеъагузориҳои суннӣ дар маъракаи интихоботи қарибулвуқӯъи Тоҷикистон барои ҳизбаш хабар додааст.
Зойиров бо пахши изҳороте чанде аз ин монеъаҳоро зикр карда, аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва умуман шаҳрвандон даъват кардааст дар маъракаи пешазинтихоботӣ фаъол бошанд.
Матни изҳороти раиси ҲСДТ ба шакли дер аст:
Изҳороти Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров
Маъракаи интихоботӣ ҳоло расман оғоз нашуда, то анҷоми он 10 рӯз монд. Чаро?
Дар интихоботи соли 2015, шаҳодатномаҳои номзадҳо 20 ва 21 январи соли 2015 дода шуданд. Ҳоло, КМИР ба чунин тарз қарор дод, ки номзадҳо ба вакилӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ 5 феврали соли 2020 ба қайд гирифта шуда, 6 феврали соли 2020 шаҳодатномаҳо дода шудаанд. 16 рӯз пас аз соли 2015.
Ҳизбҳои сиёсӣ 8 ва 9 феврали соли 2020 аз буҷа пул гирифтанд, ҲСДТ бошад танҳо 14 феврали соли 2020 аз буҷа пулро ба даст овард.
Ҳама ҳизбҳои сиёсӣ Шаҳодатномаҳои шахсони боэътимодро 6 ва 7 феврали соли 2020 гирифтаанд, ба ҲСДТ бошад ин шаҳодатномаҳоро 17 феврали соли 2020 додаанд.
Ана ин посух ба суол аст, ки чаро интихобот оғоз накарда, қариб ба маром расид.
Амалия нишон медиҳад, ки интихобот дар Тоҷикистон таҳти назорати пурраи низоми бюрократӣ баргузор мешавад.
Хусусан, меъёри Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бақайдгирӣ 45 рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ сар мешавад ва 20 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад, хеле маҳдуд буда, ҳуқуқи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилиро, ки мехоҳанд воқеан дар интихоботи демократӣ ва озод иштирок кунанд, маҳдуд месозад!
Барои ташвиқоти интихобот ҳадди аққал 40 рӯз ва интихобот бояд 90 рӯз пеш аз рӯзи интихобот таъин карда шавад!
Бо вуҷуди ҳама чиз, ҲСДТ 10 рӯзи маъракаи интихобот, 10 рӯзи таблиғи зарбдор эълон мекунад!
Мо аз ҳамаи шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма даъват менамоем, ки 10 рӯзи охиринро, ки барои маъракаи таблиғи пешазинтихоботӣ рӯзи интихобот – 1 марти соли 2020 мондааст, дар сатҳи баландтарини фаъолият ва маърифати аҳолӣ ва интихобкунандагон, сарф кунанд!