Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил тайи суханоне дар нишасти раҳбарони созмонҳои яҳуди-амрикоӣ дар Қудс гуфт: Исроил ба ғайр аз ду-се кишвар, бо дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ “равобити сиррӣ” дорад.
Вай афзуд: “дар ҳоли густариши равобит бо кишварҳои арабӣ ва мусулмон ҳастем. Соли гузашта ба Уммон рафтам ва ду ҳафта пеш бо раисҷумҳури Судон (Абдулфаттоҳ Ал-Бурҳон) дидор доштам”.
Нахуствазири Исроил дар идома ҳамчунин изҳор дошт:
“Судон ба унвони кишваре исломӣ ва арабӣ ва мизбони Конфронси Хортум, ки Исроилро ба расмият намешиносад, дар ҳоли оддисозии равобити худ бо мост. Дирӯз барои нахустин бор як ҳавопаймои Исроилӣ аз ҳарими ҳавоии Судон убур кард”.
Гуфтанист, Абдулфаттоҳ Ал-Бурҳон раиси шӯрои ҳокимияти Судон авоили моҳи ҷорӣ дар Угондо бо Нитонёҳу дидор ва гуфтугӯ кард. Шаҳрвандони Судон бо анҷоми тазоҳурот иқдоми мазкурро маҳкум карданд.
Исроил бо ҳеҷ кишвари арабӣ, ҷуз Миср ва Урдун равобити дипломатик надорад. Ахборе далолаткунанда бар ҳамкории пушти пардаи Исроил бо кишварҳое монанди Арабистони саудӣ ва Аорот муттаҳидаи арабӣ мунташир мешавад.