Пас аз интиқоди шадиди вазири хориҷа аи Олмон аз Саудӣ, ин кишвар сафирашро аз Олмон фаро хондааст.
Вазири хориҷаи Олмон Зигмор Габриел зимни мулоқоташ бо вазири хориҷаи Лубнон, сиёсатҳои Арабистони Саудиро дар минтақа ва ба хусус дар таҳаввулоти ахири Лубнон “моҷароҷуёна” унвон карда буд.
Ба гузориши “Дойче веле”, хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ имрӯз субҳ эълон кардааст, ки сафири ин кишвар ба хотири ройзанӣ дар бораи суханони вазири хориҷаи Олмон ба кишвар фаро хонда шуда аст.
Габриел рӯзи панҷшанбе ҳангоми дидор бо ҳамтои Лубнониаш гуфта буд, ки: “лозим аст, ки паём ба таври муштарак аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ирсол шавад, ки моҷароҷӯиҳои моҳҳои гузашта дар Лубнон ба соддагӣ ва дар сукут пазируфта нахоҳад шуд”.
Вазири хориҷаи Олмон рафтори Арабистон бо Саъд Ҳаририро “ғайримаъмул” хонда аз он интиқод кардааст.
Моҷарои истеъфои Ҳарирӣ боиси таниши зиёде дар минтақа шудааст. Аз ҷумла раисҷумҳури Лубнон пас аз эъломи истеъфои Саъд Ҳарирӣ таъкид кардааст, ки, “агар Ҳарирӣ ба Лубнон баргашта далоили истеъфои худро шарҳ надиҳад, истеъфои ӯро намепазирад”.
Баъзеҳо дар бораи иқомати иҷбории Ҳарирӣ дар Саудӣ сӯҳбат кардаанд. Аммо Саудӣ ва Ҳарирӣ ин гуфтаҳоро рад кардаанд. Субҳи имрӯз дар ҷавоби ҳамин иддаоҳо дар твитери худ навишт: “ ман дар роҳи фурудгоҳ ҳастам ҷаноби Зигмор Габриел”.