Рубрики Хабарҳо

Озмун: Муаррифии ҲНИТ дар Тоҷикистон

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» танҳо дар бахши тоҷикии сомонааш дар Интернет бо нашри 165 матлаб дар бораи муаррифии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ду солу чор моҳи ахир пешсафи иштирокчиёни «Озмун: Муаррифии ҲНИТ дар Тоҷикистон» аст. Айни замон «Ховар» дар байни расонаҳои вобастаи ҳукумат дар мақоми аввал меистад.

АМИТ «Ховар» дар ин мусобиқа, ки дар арафаи басташавии фаъолияти расмии наҳзати исломӣ дар дохили Тоҷикистон дар байни расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмии вобастаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) оғоз шудааст, бо нашри як матлаби хотирмон 3-юми июли соли 2015 вориди ин сабқат шуда, охирин матлабашро 17-уми ноябри соли 2017 чоп кардааст.

Дар ин Озмун нашрияи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» низ довталабона ширкат карда, феълан дар ҷои дуюм қарор дорад. Ин нашрияи номии кишвар омодагии худро барои ин чунин озмунҳо ҳанӯз аз соли 2008 дар сомонааш оғоз кардааст. «Ҷумҳурият» то поёни соли 2014 ҳудуди 60 матлаб, вале аз оғози соли 2015 то 17-уми ноябри соли ҷорӣ 140 матлаби дигар дар бораи наҳзати исломӣ таҳия, таълиф ва бознашр кардааст.

Рӯзномаи расмии парлумони Тоҷикистон «Садои мардум» ҳам дар ин миён хеле заҳмат кашида, худро дар мақоми сеюм қарор додааст. Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Маҷлиси олии Тоҷикистон, ки инсофан муъзами онҳо интихоб не, таъин шудаанд, дар чор соли охир маҷмӯъан 101 матлаб дар сомонаашон дар бораи ҲНИТ нашр кардаанд.

«Садои мардум», ки тамоми сол муъзами вақташро дар бораи заҳамоти шадиди вакилон дар рафти ворид кардани аломатҳои имлоӣ, аз ҷумла нуқта ва вергул дар лоиҳаҳои наву кӯҳнаи қонуну қоидаҳо сарф мекунад, инсофан барои таёрӣ ба ин озмуни муаррифии ҲНИТ дастросткуниашро аз январи соли 2013 шурӯъ кардааст ва то сентябри соли 2015 ҳудуди 20 матлаб, ва  дар ду солу чанд моҳи ахир барои ноил шудан ба мақоми аввал меҳнат карда, беш аз 80 мақолаву хабар таҳия, таълиф ва ё бознашр намудааст.

Рӯзномаи расмии вилояти Хатлон «Хатлон», ки он ҳам вобастаи ҳукумати Тоҷикистон аст, эҳтимолан хабари эълони ин озмунро дертар фаҳмидааст, ки ба назар мерасад дар ин сабқат хеле қафо мондааст. «Хатлон» дар ин ду солу чанд моҳи ахир, мисли хари ланг, лангида-лангида хому хатала 46 матлаберо таҳияву таълифи худ ва қисмеро ҳам аз дигар расонаҳо бознашр кардааст.

Аммо дар ин миён сомонаи расмии вилояти Суғд «Sugd.tj» инсофан хеле талош кардааст, ки ҲНИТ-ро дар минтақа муаррифӣ накунад, вале барои гурез аз эҳтимоли зери фишорҳои мақомоти қудратӣ, ба хусус Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) қарор нагирифтан, аз 28-уми августи соли 2015 то имрӯз бо бознашр кардани 7 хабару мақола дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иктифо кардааст.

Аз миёни ҳафтаномаҳои мустақил, вале воқеан вобастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки зери чатри Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон нашр мешаванд, ҳафтанома ва сомонаи электронии «Фараж» дар ин сабқат парчамбардори ин бедодӣ аст ва то кунун бо беш аз 45 хабару мақолаҳояш мақоми аввалро дар замина ишғол мекунад.

«Фараж», ки дар оғози фаъолияташ яке аз самтҳои асосии фаъолияти худро дармони бемориҳои дарунии ҷомеа унвон карда буд, тӯли се-чор соли охир усулан рисолаташро тағйир дода, ба гуфтаи Иззатулло Саъдулоев, доктори илмҳои таърих, ки ахиран ношармида ин ҳафтанома аз номаш мақолаи тӯҳматомезеро чоп карда буд, «Фараж»-ро ба террори шахсиятӣ муттаҳам кард, хеле мунсифона ва воқеӣ дар бораи он қазоват кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-и Шарифи Ҳамдампур, рафиқи шафиқи Саймумин Ятимов, раисلи КДАМ ҳам бар иловаи иҷрои вазифааш, ки аз чопи маводҳои исломситезона, мусалмонбадбинона ва доғдоркунии домани модару хоҳари тоҷик иборат аст, дар ин сабқат фаъолона ширкат карда, аз 8-уми апрели соли 2016 то кунун беш аз 28 матлабро таҳия, таълиф ва ё бознашр кардааст.

Дар «Озмуни муаррифии ҲНИТ», ки онро ба эҳтимоли зиёд раиси КДАМ Саймумин Ятимов эълон кардааст, Агентии иттилооти «Ҳамсинф», ки бо дурӯғпароканӣ шуҳрат ёфтааст, низ ширкат карда, дар бахши тоҷикиаш аз оғози соли 2016 то се-чор моҳи аввали фаъолият ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ худро ғамхори ҲНИТ нишон медод, аммо чун вақте парда аз рӯяш бардошта шуд, чеҳраи воқеияшро ба намоиш гузошту ҳоли ҳозир на танҳо ба «муаррифӣ»-и наҳзати исломӣ, балки дар маҷмӯъ тамоми мухолифону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадаф қарор додааст. Ин сомонаи дурӯғафкан ҳам дар ин сабқат ширкат карда, то кунун 29 матлаб дар бораи ҲНИТ чоп кардааст, ки аксари онҳо бознашр мебошанд.

Ҳукумат ҳамарӯза тариқи воситаҳои ахбори чопӣ, электронӣ, радио ва телевизионҳои давлатӣ ва ҳатто аз минбарҳои расмиву ғайрирасмии чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таблиғи Наҳзат мекунад. Ба назар мерасад, баъд аз марги Ислом Каримов, собиқ президенти Ӯзбакистон дигар касе надорад, ки аз он душмани сарсахт тарошида, тамоми нокомӣ ва номуваффақиятҳои худро ба ҷуз ҲНИТ-е, ки амалан дар ҷомеа ҳеч нақшеро иҷро карда наметавонад, бор кунад…

Ҷолиб ин аст, ки то вақте Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дохили кишвар фаъолият мекард, ҳукумат ва тамоми ниҳодҳои зертобеъаш пайваста талош мекарданд, ки номи ин ҳизб дар ҷомеа камранг нишон дода шавад, то иддаъо карда тавонанд, ки ҲНИТ дар ҷомеа пойгоҳи иҷтимоӣ надорад. Аммо бо гузашти беш аз ду сол, ки наҳзати исломӣ амалан дар дохили Тоҷикистон фаъолият намекунад, рисолати PR ва ё ба иборати тоҷикӣ сияҳ кардани ҲНИТ-ро Ҳукумати Тоҷикистон худ бар ӯҳда гирифтааст.

Бо ин вуҷуд, режими Эмомалӣ Раҳмон дониста ва ё надониста барои ояндаи дурахшони ҲНИТ хидмат карда истодааст ва ба ин васила наҳзати исломиро дар батни ҷомеа ҳифз мекунад ва номи онро на танҳо дар расонаҳои расмӣ ва қисман вобастаи ҳукумат, балки дар зеҳни тамоми мардуми Тоҷикистон зиндаву солим нигаҳ медорад. Аз ин ҳама таблиғоту ташфиқот бар меояд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бидуни ҲНИТ ва зикри номи он як рӯзе ҳам зиндагӣ ва пойдор будани худро дар ҷомеа тасаввур карда наметавонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *