Сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон, ки танҳо зоҳири он инъикос шуд, дар асл чӣ ҳадаф ва паёмаде дошт ва дар муносибатҳои ояндаи ду кишвар чӣ таъсире хоҳад гузошт?
Ин сафар тибқи иттилоъи расонаҳои эронӣ, ки ҷониби Тоҷистон ҳам онро такзиб накард ва метавон ба он эътимод баст, бо ибтикор ва даъвати ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо чаро ин даъват дар ҳамин марҳала, пас аз даъвоҳои хеле тунди ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт, кай ва чӣ гуна ин сафар ҳамоҳанг шуд, дар паси дарҳои баста ду ҷониб аз кадом мавзӯъ сӯҳбат карданд ва ба чӣ натиҷа расиданд?
Ҳарчанд дар ин сафар расонаҳо бештар аз қабулу гусели сарди Зариф ва табъи хираи Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ӯ гуфтанд, коршиносон мутмаинанд, ки сафари Зариф воқеъан яхшикан буд ва таъсири бузурге дар гармшавии муносиботи ду кишвар хоҳад дошт.
Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси тоҷики муқими Лубнон мутмаин аст, ки даъвати Зариф аз ҷониби Тоҷикистон ба пазируфта шудани Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай рабт дорад. Ӯ мегӯяд “қабл аз нишасти Самарқанд Русия, Чин ва дигар кишварҳои узви ин созмон тавофуқ карданд, ки дар нишасти навбатии СҲШ Эронро ба узвияти он қабул кунанд. Ҳарчанд Тоҷикистон алоқаманд набуд, ки равобиташро бо Эрон беҳтар кунад, вале дар баробари ин қарор гирифт, ки вақте Эрон дар ҳоле, ки бо Тоҷикистон муносибати хубе надорад, ба узвияти СҲШ қабул шуд, барои Тоҷикистон гарон тамом мешавад. Бинобар ин тасмим гирифтанд ба сурати оҷил муносиботро бо Эрон беҳтар кунанд.”
Ин гуфтаҳои Истаравшаниро ҳарфҳои чанд рӯз қабли Рашид Олимов, ки гуфта буд Эрон ба зудӣ ба СҲШ пазируфта хоҳад шуд, тасдиқ мекунад.
Як манбаъи “Паём” дар вазорати хориҷа, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, “Даъвати Зариф дар вақти хуб сурат гирифт, яъне, қабл аз рафтанаш ба нишасти Самарқанд. Барои мо хуб намебуд, агар Зариф аз Самарканд ба Тоҷикистон меомад, ва мулоқотҳои ӯ бо президенти мо ва вазири хориҷа дуввумдараҷа мешуд. Бинобар ин, дипломатияи тоҷик талош кард, ин сафар пеш аз нишасти Самарқанд анҷом шавад ва мо ба ин кор муваффақ хам шудем. Баъзе овозаҳо дар бораи он ки кишварҳои сеюм барои ин сафар миёнҷигарӣ карда бошанд, рост нест. Дипломатҳои Тоҷикистону Эрон ниёз ба ягон миёнарави хориҷӣ надоранд ва мо якдигарро аз дигарон беҳтар мефаҳмем”.
Бинобар баъди сафари Путин ба Теҳрон иттифоқ афтодани сафари Зариф ба Тоҷикистон, фарзияи дигарро ҳам расонаҳо матраҳ карданд, ки гӯё раисҷумҳури Русия миёнаравӣ кардаасту Тоҷикистону Эронро бо ҳам оштӣ додааст. Аз чумла, коршинос Фаридун Ҳодизода дар мусоҳиба бо радиои ‘’Озодиӣ” тахмин зад, ки тарафи Эрон аз Путин чунин дархостро карда бошад. Вале ноиби сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммад Ҳушёрӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин масъаларо ба шакли дигар шарҳ дод: “Дар хусуси сафари ҷаноби Зариф ба Душанбе дар ин чанд рӯз шонтож ва матолиби манфии зиёд тарҳ шуд, ки бисёре аз онҳо барои камарзиш крадани ин сафари муҳим тарроҳӣ шуд. Мо ва дӯстони тоҷик он қадар оқил ва болиғ ҳастем, ки барои гуфтугӯ ниёз ба восита надошта бошем. Бояд талошҳо истимрор ёбанд.”
Манбаъи “Паём” дар вазорати хориҷаи кишвар ҳам ин фарзияро рад карду гуфт, ки даъвати Зариф қабл аз сафари Путин ба Техрон сурат гирифта буд.
Сарчашмаи ‘’Паем’’ дар Анқараи Туркия ҳам аз истифодаи имконоти дипломатии сафоратҳои ду кишвар дар Туркия барои зудтар анҷом гирифтани сафари Зариф хабар дод, ки ғайримустақим гуфтаҳои корманди вазорати хориҷаи Тоҷикистонро тасдиқ мекунад. Яъне, дар ҳамохангии ин сафар тарафи саввум даст надоштааст ва аз тарафи дигар, Душанбе сахт талош кардааст, ки ин сафар қабл аз нишасти Самарқанд анчом шавад.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки даъвати ғайримунтазираи Зариф ба Душанбе талоше барои пешгирӣ аз дур (ё танҳо) мондан аз равандҳои геостратежӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Зеро, ворид шудани Эрон ба СҲШ ва он ҳам ҳамзамон бо қавӣ гаштани робитаҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Эрон, амалан Душанберо дар инзиво қарор медиҳад. ‘’Шарики‘’ нави Тоҷикистон, яъне Арабистони Саъудӣ танҳо барои нороҳат кардани Эрон чанд иқдоми хурде кард, аммо маълум аст, ки таваҷҷӯҳи зиёде дар оянда ба Тоҷикистон нахохад дошт. Ба хусус ҳоло, ки ин кишвар дучори бӯҳронҳои зиёди дохилӣ ва минтақаӣ шудааст. Аз ин рӯ, ин даъватро як иқдоми маҷбурӣ, вале саривақтӣ ва то ҳаде муваффақ ҳам метавон қаламдод кард. Ин нишон медиҳад, ки Аслов оҳиста — оҳиста аз нав ташаббусро дар сиёсатҳои хориҷа ба даст мегирад, дар сурате, ки ду соли охир ин ниҳод ибтикорро комилан ба дигар сохторҳо дода буд ва табдил ба як ниҳоди ‘’сафедкунандаи’’ иштибоҳоти дигар сохторҳо дар хориҷ гашта буд.
Аз ҷумла Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии ҲНИТ ин фарзияро баъид намедонад ва мегӯяд, ки “як хавфи дигари Тоҷикистон ин буд, ки дар сурати равобити гуфтардатар барқарор кардани Эрон бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна, ки баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев имкони он хеле бештар шудааст, дар минтақа танҳо хоҳад монд. Бинобар ин даъвати оҷили Зарифро метавон ба ин масъала рабт дод.”
Як манбаъи дигар гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Зариф мустақиман тамос гирифтаву дархост кардааст аввал ба Тоҷикистон биёёд ва баъди мулоқотҳои Тоҷикистон ҳарду якҷоя бо ҳавопаймои Зариф ба Самарқанд бираванд. Вале манбаи мо дар фурӯдгоҳи Душанбе қаблан иттило дода буд, ки Зарифро аз бинои кӯҳнаи фурӯдгоҳ ва бидуни ширкати дипломатҳои баладпоя гусел кардаанд.
Чаро Тоҷикистон аз мавқеъаш ақабнишинӣ кард?
Саидюнуси Истаравшанӣ мегӯяд “аз замоне ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд, ҳукумати Тоҷикистон ҳама корро кард, то ҳади ақал кишварҳои дӯсташ ин ҳизбро террористӣ бидонанд. Аммо ҳеҷ кишваре ин корро накард. На Русия ва ҳатто на Чин. Пас ба ин натиҷа расиданд, ки аз бад кардани равобит бо Эрону ба ҳадаф нарасидан, беҳтар аст равобитро барқарор кунанду сипас ҳарду тараф кӯтоҳ биёянд”.
Тағйири бархӯрди Душанбе бо САҲА , хатто, пас аз тахдиди бастани дафтари ин созмон, ваъдаҳояш ба Иттиҳоди Урупо ҳам ин нуктаро тақвият мебахшад, ки Тоҷикистон мавқеъгириашро нисбати кишварҳое, ки ба ҲНИТ ҳамкорӣ кардаанду мекунанд нарм кардаву тасмим гирифтааст аз роҳи ҳамкорӣ вориди ин масъала шавад.
“Ҳоло дигар муҳим нест, ки сабаб даъвати Зариф ногузирии воридшавии Эрон ба СҲШ новобаста аз хоҳиши Душанбе буд ё тарси Тоҷикистон аз танҳо мондан дар минтақа ва ё ҳатто миёнаравии Путин. Ҳатто муҳим нест Тоҷикистон маҷбур ба беҳбуди равобит шуд ё бо дарки иштибоҳаш ин корро кард. Муҳим ин аст, ки равобити ду кишвари дӯст аз нав барқарор мешавад, ки бешак ба нафъи ҳарду миллат аст. ” — гуфт Маҳмудҷон Файзраҳмонов.
Дар ҳамин ҳол далоили зиёде ишорат ба ин мекунанд, ки қабул ва гусели Зариф зиёд гарм набудааст. Агар чини абрӯи Эмомалӣ Раҳмон дар акс бо Зариф ва гуселаш аз бинои кӯҳнаи фурӯдгоҳро ҳам ба назар нагирем (ин хабари манбаъи “ Паем”- ро то ҳол касе такзиб накардааст), пахши дубораи наворе, ки Эронро ба маблағгузории терроризм гунаҳкор мекунад баъди рафтани Зариф кофист, чунин хулосае бароварда шавад,ки сафари Зариф яхшикан будааст, вале гармии зиёде наовардааст. Ҳоло даъват кардану сард қабул кардан албатта фарзияҳои бештареро ба вуҷуд меорад, ки алъон намехоҳем ба он пардозем. Танҳо метавон инро гуфт, ки Раҳмон бо ин даьват ва ҳамзамон сард муносибат кардан, ба ҷониби Эрон паём фиристод, ки мехоҳад бо ин кишвар робитаҳоро беҳтар кунад, аммо Эрон бидонад, ки талош ва гузашти бештар бояд кунад. “Нархи пешниҳодшудаи” ин муъомила чист, феълан танҳо Раҳмон медонаду Зариф.
Дар ҳамин ҳол, сафари вазири энержии Эрон ва пазируфта шуданаш аз ҷониби Раҳмон гувоҳӣ медиҳад, ки сафари Зариф на танҳо номуваффақ набудааст, балки заминаҳоро барои ҳамкориҳои оянда фароҳам сохтааст.
Оё баҳс сари ҲНИТ буд ва Эрон аз мавқеъаш пас хоҳад рафт?
Дар зоҳир чунин ба назар меояд, ки баҳси Тоҷикистон бо Эрон, ки баъди сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон оғоз шуда буд, бар сари ҲНИТ аст. Вале кишварҳои зиёде, бахусус кишварҳои аврупоӣ фаъолони ҲНИТ-ро на танҳо пазируфтаву паноҳандагӣ додаанд, балки бо ин ҳазб ҳамкории расмӣ ҳам доранд ва Тоҷикистон 10 дарсади дуруштиеро ҳам, ки бо Эрон кардааст бо ин кишварҳо намекунад.
Муҳаммад Сафарзода, ёвари раиси ҲНИТ мутмаин аст, ки баҳс на сари ҲНИТ, балки сари пулҳои Занҷонӣ аст, ки Эрон талаб дораду Тоҷикистон баргардонидан намехоҳад. Нақши Саъудиро ҳам ӯ дар ин таниш баъид дониста, гуфт: “Раҳмон ва Ятимов куллан бо ҳама ҷараёнҳо ва кишварҳои исломӣ мушкил доранд ва алоқае ба ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои исломӣ надоранд. Танҳо аз манобеъи молии онҳо мехоҳанд баҳра бибаранд.”
Сайидюнуси Истаравшанӣ имкони гузашти Эронро дар таомул бо Тоҷикистон баъид намедонад. “Аммо мусаллам аст, ки Эрон ҳаргиз ҲНИТ-ро террористӣ эътироф нахоҳад кард.”
Воридшавии Эрон ба СҲШ ва барқарории равобиташ бо Тоҷикистон чӣ таъсире ба ҲНИТ хоҳад дошт?
Дар сурате, ки ҷониби Тоҷикистон даъво мекунад ҲНИТ аз тарафи СҲШ чун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ шинохта шудааст, ворид шудани Эрон ба тн Созмон чӣ таъсире ба ҲНИТ хоҳад дошт?
Маҳмудҷон Файзраҳмонов мегӯяд ҲНИТ на дар СҲШ, балки дар як ташкилоти минтақавии он бо дархости Тоҷикистон ба ин рӯйхат ворид шудааст, ки кишварҳои узв назди он ҳеҷ масъулияте надоранд, яъне ин рӯйхат ҳеҷ кишвареро водор ба эътирофи он намекунад. Ин танҳо як рӯйхат аст, ки ҳар кишваре ҳақ дорад ба он пешниҳод кунад.
Дар масъалаи равобити Эрону Тоҷикистон ӯ гуфт: “ҲНИТ ҳар равобитеро, ки ба нафъи мардуми кишвар аст, аз ҷумла равобит бо Эронро бо хушҳолӣ қабул мекунад. Ин к мо мухолифи ҳукумати Раҳмон ҳастем, ба ин маънӣ нест, ки муқобили равобити кишварҳо бо Тоҷикистон бошем. Режими Раҳмон мисли ҳар режиме рӯзе хоҳад рафт, аммо мардум ва равобит бо кишварҳои дӯст боқӣ хоҳанд монд”
Сайидюнуси Истаравшанӣ мутмаин аст, ки воридшавии Эрон ба СҲШ ба нафъи ҲНИТ аст: “Чун қонуни асосии Эрон ҳукумати ин кишварро водор ба он мекунад, ки аз ҳар ҳаракати исломӣ ва озодихоҳ пуштибонӣ кунад.”