Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Ҷалолобод. Дасти кам 6 кушта 8 захмӣ

 Дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Ҷалолобод, Маркази вилоят Нангарҳор дар шарқи Афғонистон дасти кам шаш нафар кушта шуданд.

Атоуллоҳ Хугёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор ба “BBC” гуфтааст, ки дар ин рӯйдод дасти кам шаш нафар кушта, ҳашт нафари дигар захмӣ шудаанд. То кунун ҳуввияти куштаҳо ва захмиҳо дар ин рӯйдод мушаххас нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла соати се баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ, дар муқобили хонаи Шайх Акрам  рухдодааст.

Ба гуфтаи оқои Хугёнӣ Шайх Акрам, ки қаблан фармондеҳии полиси маҳаллӣ дар вулусволии Хива буд, ҳадафи ин ҳамла будааст, аммо ба оқои акрам дар ин рӯйдод осебе нарасидааст.

Ин инфиҷор ҳамзамон бо барпоии як гирдиҳамоӣ, ки дар манзили Шайх Акрам ба ҳимоят аз ӯ баргузор шуда буд, рух дода, масъулияти онро токунун касе ба ӯҳда нагирифтааст.

Ҳудуди як ҳафта пеш як инфиҷори интиҳорӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон дасти кам 14 нафарро кушт ва 18 нафари дигарро захмӣ кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *