Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ гузориш додааст соли 2018 ба Тоҷикистон ба маблағи 6 миллирду 100 миллион сомонӣ, ки баробар бо 645 млн. доллар аст, сармоягузории хориҷӣ ҷалб шудааст. Тақрибан ними ин маблағ сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошад.
Тибқи иттилоъи манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 30 миллиарду 500 миллион сомонӣ, баробар ба 3 миллирду 230 миллион доллар 69 лоиҳа дар ҳоли амалӣ шудан аст.
Лоиҳаҳои амалишаванда аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (743 млн. доллар), Бонки ҷаҳонӣ (594 млн. доллар), Эксимбонки Чин (467 млн. доллар), Бонки аврупоии таҷдиду рушд (403 млн. доллар), Бонки исломии рушд (148,6 млн. доллар) ва дигарон маблағгузорӣ мешаванд.
Сармояҳои ҷалбшуда, тибқи гузориши Куитаи сармоягузорӣ ба рушди соҳаҳои маорифу энергетика ва нақлиёту бахши кишоварзӣ равона гардиданд.
Дар ҳоле, ки кумитаи сармоягузорӣ аз ҷалби 645 миллион доллар дар як сол гузориш медиҳад, қарзи бузургтарин ширкати зараровари Тоҷикистон “Барқи Тоҷик” дар ҳамин сол 700 миллион доллар зиёд шудааст. Ҳоло қарзи ин ширкат баробар ба 2 миллиарду 400 миллион доллар аст, ки бештар аз буҷаи яксолаи Тоҷикистон мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини ширкат аз истеҳсоли рекордии барқ — 20 миллиард киловат соат дар соли 2018 гузориш додаанд.
Зарари ширкати монополии барқ сол то сол бештар мешавад. Ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, гузориш дода буд “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ ($400 миллион бо қурби миёна дар ин сол) зарар дидааст.
Тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRL дар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) бароварда шуда буд. Соли 2015 низ ин ширкат тавониста буд 2,8 млрд сомонӣ (ҳудуи ($350млн бо қурби миёна) зарар кунад.