Рубрики Хабарҳо

Идомаи сиёсати гадоӣ ё “дастоварди бузурги” Рустами Эмомалӣ дар Чин

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки меросбари аслии ӯ дар ҳукумат дониста мешавад, зоҳиран дар ҳукумат пайраҳаии падарашро тай карданист. Дар нахустин сафари расмияш ба Чин ӯ чанд “дастовард” дошт, ки ҳамагӣ бармегарданд ба садақаталабиву пеш бурдани дасти гадоӣ. Айнан ҳамон “дастовардҳое”, ки падараш ҳамеша доштааст.

Агар дар сафари раҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон имзои санадҳои ҳамкорӣ дар ҳаҷми миллиардҳо доллар дастовард номида шавад, дар сафари раҳбарияти Тоҷикистон, ки ба як хонавода тааллуқ дорад, “дастовард” дарёфти ҳарчи бештари садақа аст. 

Чин кишваре бо имконоти бузург ва ҳамсарҳад бо Тоҷикистон аст, ки бо истифода аз он мешавад ҳамкориҳои бисёр судманди иқтисодӣ роҳандозӣ кард ва ҳазорҳо ҷои корӣ дар кишвар офарид. Аммо маълум гашт Рустам мисли падараш барои “дастовард”-и маъмулӣ барои ин хонавода — садақа ба ин кишвари пуриқтидор сафар кардааст.

Дар ҷараёни сафари расмии раиси палатаи болии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори пойтахти он ба Чин, санадҳое, ки ба қавли дафтари матбуотиаш “ба густариши ҳамкории мутақобила байни кишварҳо нигаронида шудаанд”, ба имзо расид. Дар ҳамин ҳол, ҳамаи ин санадҳо бармегарданд ба “кӯмакҳои бебозгашт” ё садақаи Чин ба Тоҷикистон. 

Рӯзи 21 август дар дидори Рустами Эмомалӣ бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии ин кишвар Чжао Лэтсзи “масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд”.

Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо чанд санади ҳамкорӣ, ки манбаъ онро “муҳим” хондааст, имзо шуд:

Аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми  2 млн доллари ИМА барои сохтмони толори маҷлисгоҳ(!) дар маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон имзо шуд.

Ҳамчунин номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе; сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу» ба имзо расид.

Аз ҷониби сафири Тоҷикитон дар Чин Зоҳир Саидзода ва муовини вазири савдои Чин Лэн Ҷи санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон, ҳамчун кумак аз ҷониби ҳукумати ин кишвар ҳукумати Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод шуд.

Ҳеҷ санади дигаре, ки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Чинро таҳким бахшад, то ҳол имзо нашудааст ва дар гумон аст, ки имзо шавад. Раиси Маҷлиси Миллӣ ба Пекин рафтааст, то барои маҷлисгоҳи ҳукумати ноӯҳдабарои падараш 2 миллион доллар ва барои бунёди чанд плул роҳ дар шаҳри зери идорааш садақа пурсад.

Падараш Эмомалӣ Раҳмон ҳам замони расиданаш ба қудрат, чун маззаи ин садақаҳои бедардимиёнро чашид, тамоми сафарҳои хориҷиашро бар асоси он нақшарезӣ мекард. Ва чун саховатмандтарин садақакунҳо раҳбарони кишварҳои арабии Халиҷи Форс буданд, дар як сол чанд сафар ба ин кишварҳо таҳия мекард. То замоне ки билохира шайхҳои араб аз гадоии ӯ ҷон ба лабашон омад ва аз қабулаш сарпечӣ карданд. 

Ҳоло Рустами Эмомалӣ, ки дар остонаи расидан ба қудрат ба ҷои падараш қарор гирифтааст, бо аввалин сафари расмиаш ба кишвари абарқудрати ҳамсоя нишон дод, ки сиёсати падарашро идома доданист.  Сиёсати гадоиро. 

Бо фарқ аз кишварҳои арабӣ, Чин медонад чи гуна аз садақаҳои додааш ба нафъи сиёсати геополитиаш истифода кунад. Бидуни шубҳа ҳар юан садақаи ин кишвар ҳади ақал даҳ баробар бозпас ситонида хоҳанд шуд. Ду миллион доллар барои толоре, ки масабдорони ришвахору ландаҳур дар он ба курсиҳои мулоим такя мезананд барои миллат ҳади ақал 20 миллион доллар тамом хоҳад шуд. 

Ҳамон гуна, ки бунёди бинои ҳукумат бо пул ва неруи Чин ба истиқлолияти кишвар таҳдид мекунад ва роҳҳои сохтаи ин кишвар метавонад ба зудӣ ба худи ин кишвар тааллуқ гирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *