Шаҳре, ки забони давлату миллаташ саршор аз ифтихор ба ториху гузаштагонаш аст, аммо бо белу каланду булдузеру ҷарсақил ба ҷони сохтмонҳои торихиаш даруфтода;
Шаҳре, ки худро нигину намоди тамаддуни Сомониён медонад, аммо аз расмулхатти дарбори Сомониён безор аст;
Шаҳре, ки номи Рӯдакиро бар хиёбону барзану боғу роғаш гузошта, аммо номи забони Рӯдакиро намеписандад;
Шаҳре, ки ҳазорон муҳоҷири кории чинӣ дорад, аммо садҳо ҳазор сокини худро ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷ гусел мекунад;
Шаҳре, ки сохтмонҳои чандмилюн-дулорӣ месозад, аммо барои сохтани корхона пул надорад;
Шаҳре, ки навтарину бошукӯҳтарин сохтмони китобхонааш анбошта аз китобҳои куҳнаи мардум аст;
Шаҳре, ки мардумаш аз пулис — зомини амнияту интизом бештар аз дузду роҳзан метарсанд;
Шаҳре, ки ҳамаи ронандагонаш камарбанди эминӣ мебанданд, аммо на барои худашон, балки барои пулиси роҳ ва бо дидани сояи ӯ;
Шаҳре, ки роҳҳоро фарохтар кардааст, то ҳар рӯз яке-ду бор ба рӯи сокинонаш баста шавад, ҳатто агар беморе ҷонбалаб пушти роҳбандон гирифтор монда бошад;
Шаҳре, ки кохи давлаташ «Қасри миллат» ном дорад ва мафҳумҳои «давлат» ва «миллат»-ро аз ҳам тафкик намедиҳад;
Шаҳре, ки дар он сигор кашидан дар фазои боз мамнӯъ аст, аммо дар фазоҳои баста раво;
Шаҳре, ки дару девораш пур аз шиъорҳо дар ситоиши як кишвари озоду мустақиллу ҳуқуқбунёду демукротик аст, дар канори тасвирҳои ъазими раҳбар ва тамҷиду такрими ӯ;
Шаҳре, ки шефтаву шайдои ишғолгари собиқаш аст, аммо аз ҳамзабонону ҳамтаборони худ гурезон…
Ин шаҳри ъазизи тазодду таноқузот куҷост?
Дориюш Раҷабиён
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф