Рубрики Хабарҳо

ХУДО БО ТУСТ ЭЙ ТАНҲО!

Ҳанӯз ҳам чашмони Рудакӣ месӯзад!

Ҳанӯз ҳам ҷароҳатҳои Айнӣ шифо наёфтаанд!

То ҳол аз қабрҳои Шоҳтемуру Нусратулло садо меояд, ки Тоҷик бе пешту паноҳ аст …..

Оҳ! Ҳанӯз ҳам хуни ҳазорон тоҷике, ки барои дифоъ аз ин марзу бум ҷон бохтаанд хушк нашудааст !

Онҳое, ки ба хотири тоҷик буданашон азоб кашидаанду мекашанд хеле зиёданд.

Ҳанӯз ҳам ҳазорҳо тоҷик барои дарёфти бурдаи ноне дарбадару ғариб аст!

Ҳанӯз ҳам садҳо тоҷик танҳо ба хотири овоз ва мавқеъаш гурезаву пушти панҷараҳои зиндон аст!

Боз мехоҳанд бар пайкари бемори як тоҷик зарба бизананд!

Боз мехоҳанд як тоҷикро бишкананд!

Боз мехоҳанд қалби як ака, дӯст, бародар ва падари меҳрубонеро захмдор кунанд!

Боз….дигар чи бигуям эй Зайд!?

Аз кудомин дардад бинвисем эй ТОҶИК!?

ОҲ ЭЙ БАРОДАР МАРО ВА МОРО БИБАХШ!

Пеши ин ҳама ҳаводис алъон оҷизу нотавонем. Худо шоҳид дастонамон бастааст. Ту дар он кунҷи зиндонӣ мо дар ин кунҷи зиндон!!

Мо ҳам барои ҳар соате, ки ту онҷо ранҷ мекашӣ, масъулем пеши виҷдон пеши имон пеши як Тоҷик!!

Аз хабарҳои расида имрӯз оид ба аҳволат бисёр ғамгин шудам. Дидам, ҳарчанд фикр кардам ба ҷуз дуъо чизе аз дастам сохта нест.

Аммо ман сахт ба ин боварам ки қавитарин силоҳ ин дуоъ аст. Иншоаллоҳ дер ё зуд он амали хоҳад шуд ин кафолати Парвардигори ту ва ман аст ки ба он имон дорем! Бовар дорам рӯзе, соате мо амали шудани онро мебинему бо ҳам табасум мекунем, хоҳ дар ин ҷаҳон хоҳ назди Парвардигори хеш!

ХУДО БО ТУСТ ЭЙ ТАНҲО !

Аз ҳамаи азизон, бародарон ва хоҳарону додарон эҳтиромона хоҳиш мекунам ки дар ҳақӣ бародар Зайд ва дигар зиндониҳо ва онҳое ки мазлуманд дар намозҳои имшабаи худ дуъо намоянд!

Аллоҳ аз ҳамаи мову шумо розӣ бошад!

ИМШАБ ШАБИ ДУОСТ ДАР ҲАҚИ МАЗЛУМОН! ФАРОМӮШ НАКУНЕД, ДУОИ НЕК ДАР ҒАЙБИ ЯК БАРОДАРИ МУЪМИН БИСЁР КОРИ НЕК ВА АМАЛИ САВОБ АСТ!

 

Саҳифаи фейсбукии Сабури Давлат

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *