Categories Хабарҳо

Садр Бобоев медали тилло ба даст овард

Садр Бобоев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байнидонишгоҳӣ медали тилло  ба даст овард.

3 то  4 декабри соли 2017 мусобиқаи варзишӣ дар байни  донишгоҳҳои Федератсияи Руссия дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар ин мусобиқа паҳлавони тоҷик  Садр Бобоев дар вазни 81кг ширкат варзида, ҷои аввалро ба даст овард ва барандаи медали тилло гардид.

Ҳамзамон Садр рӯзи шанбеи  ин ҳафта барои ширкат дар Ҷоми ҷудои Осиё ба Ҳонконг сафар  мекунад.

Садр Бобоев донишҷӯи соли панҷум буда, дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи  ба номи Г. В Плеханови  шаҳри Москва таҳсил мекунад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *