Рубрики Хабарҳо

Туркия: Боздошти 10 –шаҳванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ

Ҳукумати Туркия 10 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ даст гир намуд.

Мақомоти амниятии Туркия 10 – шаҳранди Тоҷикистонро барои узвият дар ДОИШ ва иштирок дар ҷагҳои Сурия дастгир кард. Мақомоти Туркия алайҳи 4 нафари боздоштшудаҳо,ки айни ҳол дар яке аз зиндонҳои шаҳри «Измир»-и Туркия нигаҳдорӣ карда  мешаванд, бо иттиҳоми террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Як зан бо 5 фарзандаш, ки ҳамсари яке аз ин боздоштшудагон маҳсуб мешавад, низ дар шаҳри Истамбул дар як паноҳгоҳ қарор дорад.

Мақомоти Туркия ин афродро дар ҳоле боздошт кард, ки гурӯҳи ифротии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ манотиқи таҳти тасарруфашро тақрибан аз даст додааст ва бисёре аз аъзои ин гурӯҳ дар биёбонҳо пароканда шуданд.

Ба қавли мақомоти амниятии  Туркия, дар сурати собит шудани иштироки ин афрод дар даргириҳои Сурия, онҳоро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард. Ин дар ҳоле аст, ки аксари боздоштшудагон бо иттиҳоми террористӣ ва узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ дар Туркия худро гунаҳкор намедонанд, аммо мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки барои боздошти ин афрод далелҳои зиёдеро даст доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *