Путин: Хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Сурия оғоз шуд
Путин фармони хуруҷи нерӯҳои низомии Русия дар Сурияро содир кард.
11-уми декабри соли 2017, Президенти Русия Владимр Путин дар як сафари ғайримунтазира вориди Сурия шуд ва дар фурӯдгоҳ бо раиси ҷумҳури Сурия дидор кард ва аз нерӯҳои кишвараш хост, ки раванди хориҷшавиашонро аз Сурия оғоз кунанд.
Путин дар фурӯдгоҳи ҳавоии “Ҳамимим”, пойгоҳи низомиёни Русия фурӯд омад ва гуфт: “Қисми зиёде аз нируҳои Русия аз Сурия хориҷ хоҳанд шуд”.
Вай хитоб ба нерӯҳои Русия гуфт: Шумо пирӯзмандона ба назди хонаводаҳои худ бозмегардед, мо ҳаргиз касонеро, ки дар набард бо терроризм дар Сурия кушта шудаанд, аз ёд нахоҳем бурд. Мо ба хотири талафот даст аз ҷанг бо терроризм намебардорем, зеро хотираи онҳо ба мо нирӯи изофӣ ҷиҳати решакан кардани терроризмро медиҳад.